3,2 млн. $-и Бонки ҷаҳонӣ баҳри таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон

Душанбе. 21-уми июн. «Азия-Плюс» — | Ҳафтаи гузашта Шӯрои директорони Бонки ҷаҳонӣ Лоиҳа оид ба таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 3,2 млн. доллари ИМА-ро тасдиқ намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии бонк хабар доданд, ҳадафи лоиҳаи номбурда дар такмили имконоти ҳукумати ҶТ оид ба тарҳрезӣ, баргузории мониторинг ва идораи ҷараёни […]

Азия-Плюс

Душанбе. 21-уми июн. «Азия-Плюс» — | Ҳафтаи гузашта Шӯрои директорони Бонки ҷаҳонӣ Лоиҳа оид ба таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 3,2 млн. доллари ИМА-ро тасдиқ намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии бонк хабар доданд, ҳадафи лоиҳаи номбурда дар такмили имконоти ҳукумати ҶТ оид ба тарҳрезӣ, баргузории мониторинг ва идораи ҷараёни расонидани кӯмаки иҷтимоӣ ба қишри камбизоати аҳолӣ тавассути таҳияи рӯйхати миллии кӯмаки иҷтимоӣ, роҳандозии омӯзиш, таъмини дастрасӣ ба таҷҳизот ва чораҳои дигар баҳри таҳкими имконот ифода меёбад.

Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони «Тоҷикистон: Расонидани кӯмаки иҷтимоӣ ба хонаводахои камбизоат» зикр мегардад, ки айни замон ҳукумати Тоҷикистон мушкилоти камбизоатиро тавассути ду барнома ҳал мекунад, ки яке аз онҳо ҷуброни пардохти маблағи истифодаи барқу газ ва дигаре дастгирии оилаҳои ниёзманде аст, ки фарзандонашон таҳсили илм доранд. «Ҳамчунин барномаи начандон бузург барои муҳоҷирон ва як қатор барномаҳои хурд низ амал мекунанд, вале барномаҳои кӯмаки иҷтимоӣ ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ қариб ҳеҷ таъсире намегузоранд», – омадааст дар гузориш.

Дар гузориш гуфта мешавад, барномаҳои мавҷудаи кӯмаки иҷтимоӣ сатҳи камбизоатиро ҳамагӣ ба андозаи 0,3 фоиз коҳиш медиҳанд ва дар робита ба ин, лоиҳаи мазкур ба манфиати ҷомеа ва аҳолии камбизоат тавассути дастгирӣ дар рушди низоми кӯмаки иҷтимоӣ ба хонаводаҳои камбизоат нигаронида шуда, он  баҳри раҳоӣ аз оқибатҳои бади камбизоатӣ дар ҳолатҳои душвор, аз қабили бӯҳрони молиявӣ, хушксолӣ ва ғайра кӯмак хоҳад расонид

Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Марша Олив дар робита ба ин масъала изҳор доштааст, ки аз амалисозии ин лоиҳа ҳудуди 15%-и аҳолии Тоҷикистон манфиат хоҳанд бардошт, ки тақрибан 1 млн. нафар аз сокинони ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. «Дар натиҷаи роҳандозии ислоҳот ва ҷорисозии рӯйхат дар сатҳи миллӣ ба онҳо кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ дода мешавад», – гуфтааст ӯ.

Айни замон Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон 16 лоиҳаро ба маблағи умумии 223 млн. доллари ИМА амалӣ месозад, ки 31%-и он ба бахши кишоварзӣ, 23% – ба соҳаи энергетика, 17% – ба бахши таъминот бо об, 15% – ба рушди маориф, 8% – ба беҳуди хизматрасонии тиббӣ ва 6% ба сиёсати иқтисодиву бахши давлатӣ рост меояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.