Пиллапарварони Суғд аз хушксолӣ осеб диданд

Хуҷанд. 21-уми июн. «Азия-Плюс» — | Хушксолии имсола ба пиллапарварони вилояти Суғд имкон надод, ки ҳосили хуб ба даст оранд. Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз идораи «Пилла»-и влояти Суғд хабар доданд, то санаи 20-уми июн 559,1 тонна ашёи хоми абрешим ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ба 55,9%-и нақшаи пешбинишуда баробар аст. «Обуҳавои беҳад гарм ба […]

Бахтиёр Валиев

Хуҷанд. 21-уми июн. «Азия-Плюс» — | Хушксолии имсола ба пиллапарварони вилояти Суғд имкон надод, ки ҳосили хуб ба даст оранд.

Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз идораи «Пилла»-и влояти Суғд хабар доданд, то санаи 20-уми июн 559,1 тонна ашёи хоми абрешим ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ба 55,9%-и нақшаи пешбинишуда баробар аст. «Обуҳавои беҳад гарм ба он оварда расонид, ки баргҳои дарахти тут дурушт гардида, дар чанде аз ноҳияҳо, аз қабили Мастчоҳ, Зафаробод ва ғайра дарахтони тут бар асари беобӣ тамоман хушк шуданд», – гуфт сарчашма.

Бино ба иттилои манбаъ, соли равон мушкилоти дарёфти тухми кирмаки хушсифат ва сармоягузори боэътимод ҷой надошт. «ҶДММ «Дӯстӣ Афғонистон» ва ҶДММ «ВТ-Силк» ба бахши мазкур дар маҷмӯъ 1,9 млн. сомонӣ маблағгузорӣ карда, аз Чин 19 ҳазор қуттӣ кирмаки хушсифат оварда шуда буд, – гуфтанд дар идораи вилоятӣ. – Сармоягузорон арзиши ашёи хомро низ панҷ маротиба боло бурданд, вале ҳама деҳқонон ба он бовар накарда, соли равон аз пиллапарварӣ даст кашиданд».

Нақшаи имсолаи ҷамъоварии пилла ба 1000 тонна ашёи хоми абрешим баробар аст ва ҳарчанд иҷрои он муяссар нагардад ҳам, ба ҳар ҳол, нисбат ба соли гузашта вазъи корҳо дар ин соҳа беҳтар аст, зеро соли гузашта бо муқаррар сохтани нақшаи 1300 тонна дар ҳамин давра ҳамагӣ 396 тона (30,4%-и нақша) пилла тайёр карда шуда буд.

Зимнан зикр гардид, ки маъракаи парваришу ҷамъоварии пилла дар минтақаи шимоли кишвар ду-се ҳафтаи дигар идома ёфта, пиллапарварон боз 2-3%-и нақша ҳосил ҷамъоварӣ хоҳанд кард. «Даҳ фоизи ҳосил дар вилояти Суғд коркард шуда, боқимонда ба хориҷи кишвар содирот мешавад», – афзуд манбаъ. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.