Намоиши пуштибонӣ аз рӯзноманигори Би-Би-Си дар назди сафорати Тоҷикистон дар Лондон

Душанбе. 21-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Лондон ба хотири пуштибонӣ аз рӯзноманигори ҳабсшудаи хабаргузории Би-Би-Си Ӯрунбой Усмонов дар шаҳри Хуҷанд як намоиши эътирозӣ доир гардид. Созмондиҳандаи намоиши мазкур журналист Шаҳида Яъқуб гуфтааст, «сарфи назар аз даъватҳои кишварҳои аврупоӣ, ИМА ва як қатор созмонҳои журналистӣ, мутаассифона, ҳукуматдорони Тоҷикистон ҳамоно хомӯшанд ва […]

Наргис Ҳамробоева

Душанбе. 21-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Лондон ба хотири пуштибонӣ аз рӯзноманигори ҳабсшудаи хабаргузории Би-Би-Си Ӯрунбой Усмонов дар шаҳри Хуҷанд як намоиши эътирозӣ доир гардид.

Созмондиҳандаи намоиши мазкур журналист Шаҳида Яъқуб гуфтааст, «сарфи назар аз даъватҳои кишварҳои аврупоӣ, ИМА ва як қатор созмонҳои журналистӣ, мутаассифона, ҳукуматдорони Тоҷикистон ҳамоно хомӯшанд ва рӯзноманигорро озод намекунанд».

Ба сафоратхонаи Тоҷикистон арзномаи оид ба ба дифоъ аз журналист бо имзои ҳудуди 300 нафар супурда шуд.

Ба ҳабс гирифтани рӯзноманигори хабаргузории Би-Би-Си дар шаҳри Хуҷанд вокуниши пурсарусадое дар ҷаҳон ба бор овард. Сафоратхонаҳои ИМА ва Британия дар Тоҷикистон, намояндаи САҲА оид ба озодии баён Дуня Миятович, созмони банулмилалии «Хабарнигорони бидуни марз», Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи журналистон ва ташкилоту созмонҳои журналистии Тоҷикистон дар робита ба ин қазия изҳорот интишор сохта, аз ҳукумати Тоҷикистон дархости риояи қонуну адолат ва озодии журналистро тақозо карданд.

Хотиррасон мекунем. ки хабарнигори хадамоти ӯзбекии радиои Би-Би-Си Урунбой Усмонов рӯзи 13 июн дар шаҳри Хуҷанд дастгир карда шудааст. Як рӯз баъд ВКД Тоҷикистон хабари зеринро интишор дод: «Урунбой Усмонов соли 2009 бо ихтиёри худ ба сафҳои «Ҳизб-ут-таҳрир» пайваста, ба воситаи Интернет дар вилоят ба тарғибу ташвиқи ғояҳои ҳизби мазкури экстремистӣ машғул шуда, варақаҳо ва китобҳои хосияти экстремистидошта паҳн карда, сокинони вилоятро ба узви «Ҳизб-ут-таҳрир» шудан даъват менамудааст».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.