Дастурхони идонаи мақомоти шаҳрдории пойтахт барои собиқадорону оилаҳои камбизоат

Date:

Душанбе. 22-юми июн. «Азия-Плюс» — | Мақомоти шаҳрдории пойтахт ба ифтихори таҷлили ҷашни 14-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллии Тоҷикистон баргузории як қатор чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, шоми 26 июн дар КВД «Наврӯзгоҳи пойтахт» барномаи театрикунонидашудаи «Файзи ваҳдат» баргузор мешавад. «Рӯзи 27 июн  дар боғҳои истироҳату фароғати «Дӯстии халқҳо», ба номи Садридддини Айнӣ, А. Мироненко ва майдони 800-солагии Москва   сайру гашти оммавӣ в  консертҳои идона доир гардида, ба сокинони пойтахт ярмарка-фурӯши маҳсулотҳои қаннодӣ  пешкаш мешавад», – гуфт ӯ.

Ба қавли мавсуф, ғайр аз ин, ба муносибати ҷашн дар боғҳои фароғату истироҳати пойтахт барои собиқадорон ва оилаҳои камбизоат дастурхони идонаи мақомоти шаҳрдории Душанбе ороста мегардад.

Ёдрас мекунем, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 27-уми июн ҳамчунин Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон санаи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав миёни ҳукумати вақти Тоҷикистон ва собиқ Иттиҳоди мухолифини тоҷик ба имзо расида буд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...