Душанбе: Маросими «Поси хотири ман» ба муносибати 70-умин солгарди оғози ҶБВ

Душанбе. 22-юми июн. «Азия-Плюс» — | Соати 4-и субҳи рӯзи 22-уми июн дар Боғи Ғалабаи пойтахт ба муносибати 70-умин солгарди оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ маросими поси хотира доир гардида, ба хотири қурбониёну шаҳидони ин ҷанги хонумонсӯз садҳо шамъҳо фурӯзон карда шуданд. Иқдоми мазкур бо ибтикори шабакаи телевизионии «Мир» созмон дода шуда, пули телевизионӣ мустақиман пойтахтҳои […]

Акмал Маннонов

Душанбе. 22-юми июн. «Азия-Плюс» — | Соати 4-и субҳи рӯзи 22-уми июн дар Боғи Ғалабаи пойтахт ба муносибати 70-умин солгарди оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ маросими поси хотира доир гардида, ба хотири қурбониёну шаҳидони ин ҷанги хонумонсӯз садҳо шамъҳо фурӯзон карда шуданд.

Иқдоми мазкур бо ибтикори шабакаи телевизионии «Мир» созмон дода шуда, пули телевизионӣ мустақиман пойтахтҳои нӯҳ кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва шаҳри Санкт-Петербургро ба ҳам пайваст.

Дар гуфтугӯйи мустақими телевизионӣ дар бораи қаҳрамонии бемислу монанди ҷанговарони шӯравӣ, ки ҷаҳонро аз асорати фашизм эмин доштанд ва поси хотири собиқадорони ҷанг сухан рафт.

Қоили зикр аст, ки замони ҷанг аз кишварҳои собиқи шӯравии дар алангаи муҳорибаҳо қарордошта беш аз 40 ҳазор нафар ба Тоҷикистон кӯчонида шуда буданд. Бино ба иттилои расмӣ, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди 290 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иштирок намуда, зиёда аз 90 ҳазор ҷони худро аз даст додаанд. Тибқи маълумоти Кумитаи собиқадорони Тоҷикистон, айни замон дар ҷумҳурӣ 2225 нафар собиқадорон ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.