Фестивали бахшида ба Рӯзи байнулмилалии мубориза бо маводи мухаддир дар пойтахт

Date:

Душанбе. 24-уми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз, 24-уми июн, дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байнулмилалии мубориза бар зидди маводи мухаддир таҳти унвони «Зиндагиро орзу ширин намуд» фестивал баргузор мешавад.

Фестивал аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон (АНМН) дар ҳамдастӣ бо мақомоти шаҳрдории пойтахт ва Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон созмон дода мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз АНМН хабар доданд, ҳадафи аслии баргузории фестивал ҷалби таваҷҷӯҳӣ ҷавонон ба мушкилоти мавҷудаи нашъамандӣ аст.

Дар фестивал ба сифати меҳмонон ситораҳои эстрадаи тоҷик – Далер Назаров, Зикриоллоҳ Ҳакимов, Нозияи Кароматулло, Муҳаммадрофеъи Кароматулло, Ҷонибек Муродов, Самад Ғанӣ ва иҷрокунандагони мусиқии рэп ширкат хоҳанд варзид.

Бобати зарари нашъамандӣ дар ҳузури иштирокчиёни фестивал арбобони маъруфи ҷомеа, зиёиён, намояндагони созмонҳои байнулмилалии муқими кишвар, актёрон ва варзишгарони шинохта ибрози андеша хоҳанд намуд.

Қобили зикр аст, ки соли 1987 Маҷмаъи кулли СММ бо мақсади ноил гардидан ба ташкили ҷомеаи ҷаҳонии озод аз суистеъмоли маводи мухаддир ва зоҳир намудани нишони устуворӣ дар мубориза бо ин падида, қарор қабул кард, ки ҳамасола рӯзи 26-уми июн хамчун Рӯзи байнулмилалии мубориза алайҳи суистеъмоли маводи мухаддир ва муомилоти ғайриқонунии он ҷашн гирифта шавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related