Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар бахши дорусозӣ

Душанбе. 24-уми июн. «Азия-Плюс» — | Чанде қабл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷумҳурӣ ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Эрон баргузор шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати мазкур хабар доданд, ҳамоиш аз ҷониби Тоҷикистон таҳти сарварии муовини вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Саидраҳмон Назриев ва аз ҷониби Эрон – роҳбари ширкати «Сурӯши байнулмилалӣ» […]

Мавҷуда Ҳасанова

Душанбе. 24-уми июн. «Азия-Плюс» — | Чанде қабл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷумҳурӣ ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Эрон баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати мазкур хабар доданд, ҳамоиш аз ҷониби Тоҷикистон таҳти сарварии муовини вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Саидраҳмон Назриев ва аз ҷониби Эрон – роҳбари ширкати «Сурӯши байнулмилалӣ» Имрон Муҳаммад Козимӣ доир гардид.

Ба иттилои манбаъ, дар кори ҳамоиш ба ҷуз соҳибкорони тоҷику эронӣ, ҳамчунин намояндагони вазорати тандурустии Тоҷикистон ва роҳбарони як қатор ширкатҳои тоҷикистониву эронӣ иштирок карданд. «Дар ҷараёни кори ҳамоиш ба масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногун, бахусус дар соҳаҳои тандурустӣ ва дорусозӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир гардид», – гуфтанд дар вазорат.

Манбаъ афзуд, дар ҳамоиш як қатор асноди ҳамкорӣ, аз ҷумла созишнома дар бораи ҳамкорӣ миёни Вазорати тандурустӣ, Хадамоти давлатии назорати фаъолияти дорусозии Тоҷикистон ва ширкатҳои дорусозии Эрон ба имзо расид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.