Мавқуф гузошта шудани сафари вазири мудофиаи Русия ба Тоҷикистон

Душанбе. 24-уми июн. «Азия-Плюс» — | Сафари кории вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюков ба Тоҷикистон, ки рӯзҳои 24-25-уми июни соли ҷорӣ пешбинӣ гардида буд, ба вақти номуайян мавқуф гузошта шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, шояд Антатолий Сердюков ҳафтаи оянда ба Душанбе ташриф орад. «Дар бораи санаи мушаххаси […]

Наргис Ҳамробоева

Душанбе. 24-уми июн. «Азия-Плюс» — | Сафари кории вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюков ба Тоҷикистон, ки рӯзҳои 24-25-уми июни соли ҷорӣ пешбинӣ гардида буд, ба вақти номуайян мавқуф гузошта шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, шояд Антатолий Сердюков ҳафтаи оянда ба Душанбе ташриф орад. «Дар бораи санаи мушаххаси сафари вазири мудофиаи Русия ба Тоҷикистон ба таври иловагӣ хабар дода мешавад», – гуфтанд дар вазорат. Роҷеъ ба сабабҳои мавқуф гузошта шудани сафари корӣ маълумот дода намешавад.

Қобили зикр аст, ки дар чаҳорчӯби сафари Анатолий Сердюков ба Тоҷикистон гуфтушунидҳои ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Хайруллоев ва ҳамчунин мақомоти раҳбарии пойгоҳи низомии муқими Душанбеи 201-уми Русия дар назар аст. Ҷонибҳо ният доранд, ки масоили таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи низомиву техникиро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.