Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Душанбе веломарафон доир мегардад

Душанбе. 24-уми июн. «Азия-Плюс» — | Ба ифтихори таҷлили ҷашни 14-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ рӯзи 27-уми июн дар пойтахти Тоҷикистон веломарафони варзишӣ доир мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, дар ин чорабинӣ ҳамаи хоҳишмандон метавонанд ширкат варзанд. «Иштирокчиёни веломарафон 30 километр масофаро тай намуда, ғолибон ва […]

Asia-Plus

Душанбе. 24-уми июн. «Азия-Плюс» — | Ба ифтихори таҷлили ҷашни 14-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ рӯзи 27-уми июн дар пойтахти Тоҷикистон веломарафони варзишӣ доир мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, дар ин чорабинӣ ҳамаи хоҳишмандон метавонанд ширкат варзанд. «Иштирокчиёни веломарафон 30 километр масофаро тай намуда, ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо ҷоизаву тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд», – гуфт ӯ.

Ба қавли Ш.Саидов, ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур рушди варзиш ва таъсиси дастаи велосипедронони шаҳри Душанбе аст. «Хоҳишмандони иштирок дар веломарафон барои дарёфти маълумоти муафассал метавонанд ба раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти шаҳрдорӣ ё шӯъаҳои он дар ноҳияҳои пойтахт муроҷиат кунанд», – афзуд котиби матуботии раиси пойтахт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.