Ташрифи президенти Кумитаи олимпии Афғонистон ба Душанбе

Душанбе. 24-уми июн. «Азия-Плюс» — | Президенти Кумитаи олимпии Афғонистон Муҳаммад Зоҳири Акбар бо сафари панҷрӯза ба Тоҷикистон ташриф овард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Ҷалолиддин Нуров хабар дод, дар чаҳорчӯби сафар мулоқоту гуфтушуниди Муҳаммад Зоҳири Акбар бо мақомоти Кумитаи миллии олимпӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш […]

Мавҷуда Ҳасанова

Душанбе. 24-уми июн. «Азия-Плюс» — | Президенти Кумитаи олимпии Афғонистон Муҳаммад Зоҳири Акбар бо сафари панҷрӯза ба Тоҷикистон ташриф овард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Ҷалолиддин Нуров хабар дод, дар чаҳорчӯби сафар мулоқоту гуфтушуниди Муҳаммад Зоҳири Акбар бо мақомоти Кумитаи миллии олимпӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар назар буда, дар ин гуфтушунидҳо масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ хоҳанд шуд. «Дар ин сафар баимзорасии Созишнома дар бораи ҳамкории дуҷониба дар бахши рушди ҳаракати олимпӣ пешбинӣ мешавад, ки ҷонибҳо сари он қаблан ба мувофиқа расида буданд», – гуфт ӯ.

Ҷ.Нуров мегӯяд, дар чаҳорчӯби сафар президенти Кумитаи олимпии кишвари ҳамсоя аз иншооти варзишии пойтахт боздид намуда, ҳамчунин дар чорабиниҳои бахшида ба таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ низ ширкат хоҳад варзид.

Сафари кории президенти Кумитаи олимпии Афғонистон ба Тоҷикистон то 28-уми июн идома хоҳад ёфт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.