Фестивали бахшида ба Рӯзи байнулмилалии мубориза бо маводи мухаддир дар пойтахт

Душанбе. 24-уми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз, 24-уми июн, дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байнулмилалии мубориза бар зидди маводи мухаддир таҳти унвони «Зиндагиро орзу ширин намуд» фестивал баргузор мешавад. Фестивал аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон (АНМН) дар ҳамдастӣ бо мақомоти шаҳрдории пойтахт ва Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон […]

Asia-Plus

Душанбе. 24-уми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз, 24-уми июн, дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байнулмилалии мубориза бар зидди маводи мухаддир таҳти унвони «Зиндагиро орзу ширин намуд» фестивал баргузор мешавад.

Фестивал аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон (АНМН) дар ҳамдастӣ бо мақомоти шаҳрдории пойтахт ва Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон созмон дода мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз АНМН хабар доданд, ҳадафи аслии баргузории фестивал ҷалби таваҷҷӯҳӣ ҷавонон ба мушкилоти мавҷудаи нашъамандӣ аст.

Дар фестивал ба сифати меҳмонон ситораҳои эстрадаи тоҷик – Далер Назаров, Зикриоллоҳ Ҳакимов, Нозияи Кароматулло, Муҳаммадрофеъи Кароматулло, Ҷонибек Муродов, Самад Ғанӣ ва иҷрокунандагони мусиқии рэп ширкат хоҳанд варзид.

Бобати зарари нашъамандӣ дар ҳузури иштирокчиёни фестивал арбобони маъруфи ҷомеа, зиёиён, намояндагони созмонҳои байнулмилалии муқими кишвар, актёрон ва варзишгарони шинохта ибрози андеша хоҳанд намуд.

Қобили зикр аст, ки соли 1987 Маҷмаъи кулли СММ бо мақсади ноил гардидан ба ташкили ҷомеаи ҷаҳонии озод аз суистеъмоли маводи мухаддир ва зоҳир намудани нишони устуворӣ дар мубориза бо ин падида, қарор қабул кард, ки ҳамасола рӯзи 26-уми июн хамчун Рӯзи байнулмилалии мубориза алайҳи суистеъмоли маводи мухаддир ва муомилоти ғайриқонунии он ҷашн гирифта шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.