Пирӯзии сарояндаи навраси тоҷик дар озмуни байнулмилалӣ

Душанбе. 24-уми июн. «Азия-Плюс» — | Сарояндаи навраси операи тоҷик Шоҳрух Юнусов дар озмуни байнулмилалии сурудҳои туркӣ, ки рӯзҳои 15-21-уми июни соли ҷорӣ дар Туркия доир гардид, пирӯз гардид. Тавре модари сароянда Нигора Юнусова мегӯяд, дар озмун сарояндагон аз 130 кишвари ҷаҳон ширкат варзида, он дар се давр баргузор шудааст. Дар давраи авал иштирокчиён ба […]

Игор Лекаркин

Душанбе. 24-уми июн. «Азия-Плюс» — | Сарояндаи навраси операи тоҷик Шоҳрух Юнусов дар озмуни байнулмилалии сурудҳои туркӣ, ки рӯзҳои 15-21-уми июни соли ҷорӣ дар Туркия доир гардид, пирӯз гардид.

Тавре модари сароянда Нигора Юнусова мегӯяд, дар озмун сарояндагон аз 130 кишвари ҷаҳон ширкат варзида, он дар се давр баргузор шудааст. Дар давраи авал иштирокчиён ба 6 гурӯҳ тақсим шуда, Шоҳрухи 12-сола дар гурӯҳи худаш ғолиб дониста шудааст. «Шоҳрух даври дуввумро низ муваффақона паси сар намуда, бо 11 нафар сарояндаи дигар ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт ва дар давраи ниҳоӣ ҳайати ҳакамон мақоми аввалро ба сарояндаи ҷавони тоҷик сазовор донистанд», – изҳор дошт ӯ.

Модар сароянда ҳамчунин афзуд, ки дар давраи ниҳоӣ Шоҳрух дар ҳузури 25 ҳазор тамошобин бо шумули намояндагони мақомоти раҳбарии давлати Туркия ҳунарнамоӣ кардааст.

Шоҳрух Юнусов аз синни 4-солагӣ ба сарояндагӣ машғул аст. Солҳои 2007-2008 ӯ ду маротиба «Шоҳҷоиза»-и ҷашнвораи байнулмилалӣ миёни кӯдакони «Донак»-ро соҳиб шудааст. Соли 2008 ӯ ҳамчунин дар ҷашнвора-озмуни «Русская песня» дар Хуҷанд низ пирӯз дониста шуд.

Соли 2010 овозхони навраси тоҷик ба дипломи дараҷаи аввали Озмуни байнулмилалии наврасони «Sanremo Junior» сазовор дониста шуда, дар ҷашнвораи умумиҷумҳуриявии «Бутоны искусства» ғолибият ба даст овард.

Шоҳрух Юнусов унвони «ДИПЛОМАНТИ Озмуни байнулмилалии мусиқӣ миёни кӯдакони «Витебск-2009»-ро соҳиб аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.