Ҷаласаи нахустини Шӯрои сармоягузорони Тоҷикистону Арабистони Саъудӣ

Date:

Душанбе. 28-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар қароргоҳи президенти Тоҷикистон дар Варзоб ҷаласаи нахустини Шӯрои сармоягузорони Точикистону Арабистони Саъудӣ доир гардид.

Зимни суханронӣ нахуствазири ҷумҳурӣ аз соҳибкорони Арабистони Саъудӣ даъват ба амал овард, ки масъалаи иштироки худ дар лоиҳаҳои ояндадори сармоягузории Тоҷикистонро баррасӣ намоянд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи нахуствазири кишвар иттилоъ доданд, Оқил Оқилов ба ҳозирин дар бораи чораҳои андешидаи ҳукумат ҷиҳати беҳбуди фазои сармоягузорӣ маълумот дода, зикр намуд, ки айни замон дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 1,8 млрд. доллари ИМА 56 лоиҳаҳои сармоягузорӣ амалӣ мешаванд. «Дар кори ҷаласа намояндагони ҳудуди 30 ширкати бузургтарини Арабистони Саъудӣ, ки ба сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони корхонаҳои истеҳсоли пластика, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ҳавопаймоӣ ва сайёҳӣ мароқ зоҳир сохтаанд, иштирок карданд», – гуфтанд дар котиботи нахуствазир.

Ба иттилои манбаъ, соҳибкорони Арабистони Саъудӣ бо фаъолияти корхонахои истеҳсолии пойтахти ҷумҳурӣ аз наздик ошно гардида, ҷиҳати тарҳрезии минбаъдаи амалисозии лоиҳаҳои муштарак табодули афкор хоҳанд кард.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...