Коршиносони Интерпол масоили мубориза алайҳи терроризмро баррасӣ мекунанд

Душанбе. 28-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар Душанбе ҷаласаи навбатӣ тибқи лоиҳаи котиботи генералии пулиси байнулмилалии ҷиноӣ – «Интерпол Калкан» таҳти унвони «Терроризм дар минтақа» ба кор шурӯъ кард. Чорабинии мазкур бо иштироки 30 нафар коршиносон аз минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар Омӯзишгоҳи олӣ оид ба идоракунии марзҳои Созмони амнияту ҳамкории Аврупо доир мегардад. […]

Наргис Ҳамробоева

Душанбе. 28-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар Душанбе ҷаласаи навбатӣ тибқи лоиҳаи котиботи генералии пулиси байнулмилалии ҷиноӣ – «Интерпол Калкан» таҳти унвони «Терроризм дар минтақа» ба кор шурӯъ кард.

Чорабинии мазкур бо иштироки 30 нафар коршиносон аз минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар Омӯзишгоҳи олӣ оид ба идоракунии марзҳои Созмони амнияту ҳамкории Аврупо доир мегардад.

Ректори Омӯзишгоҳи олӣ оид ба идоракунии марзҳои САҲА Алан Сколан рушди ҳамаҷонибаи мусоидат ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишвархои ҳамсоя дар баргузории тафтишоти марбут ба терроризм ва ифротгароии диниро муҳим арзёбӣ намуд.

Менеҷери лоиҳаи «Калкан», корманди шӯъбаи мубориза бо терроризми Интерпол Окан Айсу мегӯяд, Интерпол бо Омӯзишгоҳи олӣ оид ба идоракунии марзҳои САҲА ҳамкорӣ мекунад, зеро таҳдидҳои фаромиллӣ сарҳад надоранд. «Дар замони мо марзҳо  осебпазиранд ва ҳамчунин аз ҷой доштани баъзе норасоихо дар ҳамкории байнулмилалии мақомоти пулиси кишварҳо созмонҳои террористие аз қабили «Ал-Қойида» ва филиалҳои он – «Ҷиҳоди исломӣ», Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Аморати Қафқоз «Лашкари-и-Тайиба» ва ғайра бахубӣ истифода мекунанд ва ин бори дигар собит месозад, ки кишварҳо дар ин самт ҳамкориҳоро бояд густариш бахшанд, то ки ба чунин таҳдидҳо истодагарӣ карда тавонанд», – изҳор дошт ӯ.

Ба қавли Окан Айсу, лоиҳаи «Калкан» қисмате аз ташаббуси глобалии зиддитеррористии Интерпол буда, соли 2004 дарҳол пас аз ҳамлаи террористӣ дар Тошканд таъсис ёфтааст. «Нахуст дар лоиҳаи «Калкан» 5 кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ иштирок доштанд ва имрӯз дар он беш аз 100 кишвари ҷаҳон иштирок дошта, агар соли 2004 дар рӯйхати захираи маълумоти мо ҳамагӣ 25 террористи гумонбаршуда ва 4 созмони террористӣ мавҷуд буданд, пас аз гузашти 7 соли фаъолият дар рӯйхати мо аллакай 13 ҳазор нафар террористон ва 60 созмони террористӣ сабт шудаанд», – иброз дошт мавсуф.

Корманди Инерпол ҳамчунин афзуд, аз замони фаъолияти лоиҳа дар давлатҳои гуногун ҳудуди 700 нафар террористон, аз ҷумла 300 нафар дар Аврупо ба ҳабс гирифта шудаанд. «Ин гувоҳи он аст, ки терроризм аз доираи як минтақа берун рафтааст», – илова кард Окан Айсу.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.