Ҷаласаи нахустини Шӯрои сармоягузорони Тоҷикистону Арабистони Саъудӣ

Душанбе. 28-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар қароргоҳи президенти Тоҷикистон дар Варзоб ҷаласаи нахустини Шӯрои сармоягузорони Точикистону Арабистони Саъудӣ доир гардид. Зимни суханронӣ нахуствазири ҷумҳурӣ аз соҳибкорони Арабистони Саъудӣ даъват ба амал овард, ки масъалаи иштироки худ дар лоиҳаҳои ояндадори сармоягузории Тоҷикистонро баррасӣ намоянд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи нахуствазири кишвар иттилоъ доданд, Оқил […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 28-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар қароргоҳи президенти Тоҷикистон дар Варзоб ҷаласаи нахустини Шӯрои сармоягузорони Точикистону Арабистони Саъудӣ доир гардид.

Зимни суханронӣ нахуствазири ҷумҳурӣ аз соҳибкорони Арабистони Саъудӣ даъват ба амал овард, ки масъалаи иштироки худ дар лоиҳаҳои ояндадори сармоягузории Тоҷикистонро баррасӣ намоянд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи нахуствазири кишвар иттилоъ доданд, Оқил Оқилов ба ҳозирин дар бораи чораҳои андешидаи ҳукумат ҷиҳати беҳбуди фазои сармоягузорӣ маълумот дода, зикр намуд, ки айни замон дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 1,8 млрд. доллари ИМА 56 лоиҳаҳои сармоягузорӣ амалӣ мешаванд. «Дар кори ҷаласа намояндагони ҳудуди 30 ширкати бузургтарини Арабистони Саъудӣ, ки ба сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони корхонаҳои истеҳсоли пластика, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ҳавопаймоӣ ва сайёҳӣ мароқ зоҳир сохтаанд, иштирок карданд», – гуфтанд дар котиботи нахуствазир.

Ба иттилои манбаъ, соҳибкорони Арабистони Саъудӣ бо фаъолияти корхонахои истеҳсолии пойтахти ҷумҳурӣ аз наздик ошно гардида, ҷиҳати тарҳрезии минбаъдаи амалисозии лоиҳаҳои муштарак табодули афкор хоҳанд кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.