Автомарафони чаҳоррӯзаи шахсони имконияташон маҳдуд

Душанбе. 28—уми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз аз майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт таҳти унвони «Ҳаёт – ин ҳаракат аст» автомарафони шахсони имконияташон маҳдуд шурӯъ шуд, ки дар он 25 нафар маъюбон аз тамоми гӯшаву канори кишвар ширкат меварзанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Ҷамъияти маъюбони «Имконият»-и шаҳри Душанбе Асадулло Зикрихудоев хабар дод, масфоаи автомарафон 1 ҳазор […]

Мавҷуда Ҳасанова

Душанбе. 28—уми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз аз майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт таҳти унвони «Ҳаёт – ин ҳаракат аст» автомарафони шахсони имконияташон маҳдуд шурӯъ шуд, ки дар он 25 нафар маъюбон аз тамоми гӯшаву канори кишвар ширкат меварзанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Ҷамъияти маъюбони «Имконият»-и шаҳри Душанбе Асадулло Зикрихудоев хабар дод, масфоаи автомарафон 1 ҳазор километрро ташкил дода, он бо мақсади таблиғи фаъолияти ҳаракати маъюбон дар замони истиқлолият, Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон ва фаъол гардонидани афроди имконияташон маҳдуд дар минтақаҳои кишвар аст.

Дар автомашинаҳои дар марафон ширкатдошта шиорҳо бо навиштаҷоти «Шахсони имконияташон маҳдуд низ узви ҷудонашавандаи ҷомеа буда, 20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистонро истиқбол мегиранд» дарҷ ёфтааст.

Ба қавли А.Зикрихудоев, хатсайри автомарафон ноҳияҳои Хуросон, шаҳри Қӯргонтеппа, Сарбанд, Данғара, ноҳияи Восеъ ва Кӯлобро дарбар гирифта, бозгашт тавссути Норак ва ноҳияи Ваҳдат сурат мегирад. Автомарафон рӯзи 1-уми июл дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт ба итмом мерасад. «Дар давоми чор рӯз иштирокчиёни автомарафон бо намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мулоқот ороста, ба онҳо изҳороти худро месупоранд, ки дар он гуфта мешавад, зимни қабули қарорҳо назардошти манфиати маъюбон зарур аст», – мегӯяд ӯ.

Номбурда афзуд, дар баргузории автомарафон онҳоро филиали тоҷикистонии Институти «Ҷомеаи кушод – Фонди Мусоидат» ва ҶДММ «Газпромнефт-Тоҷикистон дастгирӣ кардаанд.    

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.