Департаменти ИМА Тоҷикистонро аз «Рӯйхати назоратии Гузориш оид ба хариду фурӯши одамон» хориҷ намуд

Date:

Душанбе. 28-уми июн. «Азия-Плюс» — | 27 июн Котиб Клинтон Гузориши Департаменти давлатиро оид ба хариду фурӯши одамонро барои соли 2011ирсол намуд. Ҳадаф аз ин гузориши солона ҳидоят намудан ба амалиёт ва созмон додани шарикиҳо дар саросари ҷаҳон ҷиҳати мубориза алайҳи ин шакли ғуломдории муосир аст. 

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, он таҳлили муфассали ҳолатҳои хариду фурӯши одамон дар 177 кишвар, аз ҷумла дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро таъмин мекунад, ва барои таҳкими муборизаи умумии мо алайҳи ин падидаи номатлуби глобалӣ тавсияҳоро пешниҳод мекунад. 

Сафорати Иёлоти Муттаҳида ба Ҳукумати Тоҷикистон барои садоқати он ба мубориза алайҳи хариду фурӯши одамон, ки соҳаи асосии ҳамкории дуҷонибаи мо шудааст, таърифу таҳният изҳор менамояд. Ҳукумати Тоҷикистон таъқиби қонунии тиҷораткоронро афзоиш дод, маъракаҳои таблиғотиро барои огоҳонии аҳолӣ дар бораи хавфҳои ба хариду фурӯш гирифторшавӣ васеътар намуд ва бо созмонҳои ғайриҳукуматӣ муборизаро алайҳи истифодаи меҳнати иҷборӣ дар маъракаи пахтачинӣ ҳамоҳанг сохт.  Он инчунин бо созмонҳои ғайриҳукуматие, ки ба ин кӯшишҳо саҳми муҳим гузоштанд, шарикиро густариш дод. 

Барои эътирофи кӯшишҳои Ҳукумати Тоҷикистон оиди мубориза алайҳи хариду фурӯши одамон дар давоми соли гузашта, Идораи Глобалии Департаменти давлатӣ оид ба мубориза алайҳи хариду фурӯши одамон Тоҷикистонро аз “Рӯйхати назоратии Гузориш оид ба хариду фурӯши одамон” хориҷ намуд. Акнун Тоҷикистон дар “Сатҳи 2” ҷой гирифтааст, ки ин нисбат ба меъёрбандии соли гузашта пешравии назаррасе мебошад. 

Мо ҳукумат ва шариконро аз ҷомеаи шаҳрвандӣ барои кӯшишҳояшон мавриди таҳсин қарор медиҳем ва интизори ҳамкории минбаъда ҳастем.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...