Шабдолов: Исрори Ӯзбекистон муқобили Роғун мубориза баҳри бозори энергетикии минтақа аст

Душанбе. 28-уми июн. «Азия-Плюс» — | Ба афсонаи ба муҳити зист ва баҳри Арал таҳдид доштани сохтмони нерӯгоҳи «Роғун», ки чанде аз гурӯҳҳои сиёсии Ӯзбекистон паҳн мекунанд, шахсоне, ки каму беш аз гидроэнергетика бохабаранд, бовар надоранд. Дар робита ба масъалаи дар ахири ҳафтаи гузашта интишор шудани номаи намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ ба сифати ҳуҷҷати […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 28-уми июн. «Азия-Плюс» — | Ба афсонаи ба муҳити зист ва баҳри Арал таҳдид доштани сохтмони нерӯгоҳи «Роғун», ки чанде аз гурӯҳҳои сиёсии Ӯзбекистон паҳн мекунанд, шахсоне, ки каму беш аз гидроэнергетика бохабаранд, бовар надоранд.

Дар робита ба масъалаи дар ахири ҳафтаи гузашта интишор шудани номаи намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ ба сифати ҳуҷҷати иҷлосияи 65-уми Маҷмаъи кулли СММ, ки дар он бобати сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» сухан мерафт, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони кишвар Шодӣ Шабдолов изҳор дошт, ки мухолифати пайдошуда дар минтақа роҷеъ ба ин масъала ангезаи сиёсӣ дошта, дар асл ин мубориза барои соҳиб шудан ба бозорҳои энергетики минтақаи Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Эрон, Покистон, Ҳиндустон ва ҳаттто Чину Русия аст. «Ба ҳама маълум аст, ки пас аз сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ба монополияи Ӯзбекистон дар бозори энергетикии минтақа хотима бахшида мешавад, зеро кишварҳо ба харидани нерӯи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон манфиатдор хоҳанд буд», – иброз дошт вакили парлумон.

Ш.Шабдолов мегӯяд, пешниҳоди Ӯзбекистон бобати ба ивази нерӯгоҳи «Роғун» дар қаламрави Тоҷикистон бунёд кардани нерӯгоҳи барқии атомӣ ҳарзае беш нест, зеро айни замон дар саросари ҷаҳон роҳу воситаҳои гузаштан ба сарчашмаҳои барқароршавандаи нерӯи барқро ҷӯстуҷӯ доранд, ки гидроэнергетика ба он дохил мешавад. «Вақте дар Ҷопон аз рафъи мушкилоти оқибатҳои садамаи нерӯгоҳи атомии «Фукусима-1» оҷиз мондаанду, Олмон ният дорад, то соли 2020 фаъолияти ҳамаи нерӯгоҳҳои атомиашро қатъ намояд, бобати дар Тоҷикистон бунёд кардани нерӯгоҳи барқии атомӣ ҳарф задан бемаънӣ аст», – афзуд номбурда.

Ба ақидаи раиси ҲКТ, изҳорот дар бораи таҳдиди сарбанди нерӯгоҳи «Роғун» низ бофтаву сохта аст, зеро бехатарии онро кайҳо олимони дар сатҳи ҷаҳонӣ эътирофгардида собит сохтаанд. «Агар дар вақташ Ӯзбекистон низоми ягонаи энергетикии минтақаи Осиёи Марказиро хароб намесохт, шояд имрӯз масъалаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ба чунин мушкилиҳо намепечид», – мегӯяд мавсуф.

Ғайр аз ин, вакили парлумон мегӯяд, доираҳои муайян дар Ӯзбекистон бояд дарк созанд, ки сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» натанҳо ба Тоҷикистон, балки ба дигар кишварҳои минтақа низ нафъовар хоҳад буд, зеро тайи 50 соли наздик ҷаҳон бо норасоии шадиди нафту газ дучор хоҳад шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.