Кӯлоб: Ба истифода додани иншооти нав ба муносибати ҷашни истиқлол

Кӯлоб. 29-уми июн. «Азия-Плюс» — | Чанде қабл дар шаҳри Кӯлоб ба муносибати таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлолияти ҷумҳурӣ як маҷмааи нави дорои толори мебел, коргоҳҳои истеҳсол ва таъмири мебел ва ҳамчунин чор маркази савдову нуқтаи фурӯши маводи сӯзишворӣ ба истифода дода шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси шаҳри Кӯлоб Пирмад Зарифов хабар дод, […]

Турко Дикаев

Кӯлоб. 29-уми июн. «Азия-Плюс» — | Чанде қабл дар шаҳри Кӯлоб ба муносибати таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлолияти ҷумҳурӣ як маҷмааи нави дорои толори мебел, коргоҳҳои истеҳсол ва таъмири мебел ва ҳамчунин чор маркази савдову нуқтаи фурӯши маводи сӯзишворӣ ба истифода дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси шаҳри Кӯлоб Пирмад Зарифов хабар дод, дар шаҳр ба муносибати ҷашн дар маҷмӯъ 40 иншооти нави таъиноти гуногун мавриди истифода қарор мегиранд. «Корҳои сохтмони низоми таъмини об дар деҳаҳои наздишаҳрии Ҷомӣ, Вализода ва Сино-4, ки сокинонаш тайи 10 соли ахир оби нӯшокиро аз дигар ҷой мекашониданд, дар арафаи анҷомёбист», – гуфт ӯ.

Ба қавли мавсуф, сохтмони корпуси 2-юми Коллеҷи омӯзгорӣ бо арзиши 3 млн. сомонӣ, мактаби таҳсилоти умумӣ барои 624 ҷой бо арзиши 1 млн. сомонӣ ва корпуси 2-юми мактаби таҳсилоти умумии №30 бо арзиши 700 ҳазор сомонӣ низ ба наздикӣ ба итмом мерасад. «Барои сохтмони иншоот маблағҳои бюҷети ҷумҳуриявӣ ва сармояи хусусӣ истифода мешаванд», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.