Омодагии соҳибкорони араб ба густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон

Date:

Душанбе. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати бонуфузи  соҳибкорони Арабистони Саудиро, ки тайи чанд рўз дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.

 Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар мулоқот роҳҳои густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар баррасӣ шуд.

 Нахуст аз фаъолияти умедбахши Шўрои сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ изҳори хушнудӣ карда шуд.

 Ба имзо расидани чанд санади ҳамкорӣ бо маблағи 50 миллион доллари амрикоӣ дар соҳаҳои бонкдорӣ, кишоварзӣ, ҳавопаймоӣ ва сайёҳӣ оғози накуи робитаҳои мустақими миёни соҳибкорони Тоҷикистону Арабистони Саудӣ маънидод шуд.

 Бо ишора ба фаъолияти босамари  3 ширкати муштараки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ – ҶДММ “Амин Корпорэйшен”, ҶДММ “Фарел”, ҶДММ “Автодом”, ки имрўз ба назар мерасад, таъкид гардид, ки дар ояндаи наздик шумораи чунин ширкатҳо афзyн хоҳад шуд.

 Таъкид гардид, ки ҳавасмандӣ ва пуштибонии бевоситаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шоҳи Арабистони Саудӣ Абдулло ибни Абдулазиз тақвиятбахш ва такондиҳандаи қавии ҳамкорӣ миёни соҳибкорони ду кишвар аст.

 Ҳайати соҳибкорони Арабистони Саудӣ, ҳамчунин аз пойдории амну суботи Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, онро асоси ҳама асосҳо барои рушди ҳамкорӣ ва таъмини пешрафту шукуфоӣ номиданд ва ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, нафту газ, обу энергетика, саноати кўҳӣ, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ, аз ҷумла чорводорӣ, боғутокпарварӣ, зироаткорӣ ва парвариши занбўри асал ва ҳамчунин бонкдорию сайёҳӣ ҳавасмандии зиёд зоҳир намуданд.

 Соҳибкорони Арабистони Саудӣ бо ишора ба амну суботи Тоҷикистон, сарватҳои бепоёни табиӣ, фазои мусоиди сармоягузорӣ, мардуми хушахлоқу меҳмоннавоз ва дўстони кишвар ба мисли Арабистони Саудӣ, изҳори боварӣ намуданд, ки дар ояндаи наздик шаҳри Душанбе ба Гонгконги Осиёи Марказӣ табдил меёбад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...