Омодагии соҳибкорони араб ба густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон

Душанбе. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати бонуфузи  соҳибкорони Арабистони Саудиро, ки тайи чанд рўз дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.  Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар мулоқот роҳҳои густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар баррасӣ шуд.  Нахуст аз фаъолияти умедбахши Шўрои сармоягузории Тоҷикистону […]

Asia-Plus

Душанбе. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати бонуфузи  соҳибкорони Арабистони Саудиро, ки тайи чанд рўз дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.

 Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар мулоқот роҳҳои густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар баррасӣ шуд.

 Нахуст аз фаъолияти умедбахши Шўрои сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ изҳори хушнудӣ карда шуд.

 Ба имзо расидани чанд санади ҳамкорӣ бо маблағи 50 миллион доллари амрикоӣ дар соҳаҳои бонкдорӣ, кишоварзӣ, ҳавопаймоӣ ва сайёҳӣ оғози накуи робитаҳои мустақими миёни соҳибкорони Тоҷикистону Арабистони Саудӣ маънидод шуд.

 Бо ишора ба фаъолияти босамари  3 ширкати муштараки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ – ҶДММ “Амин Корпорэйшен”, ҶДММ “Фарел”, ҶДММ “Автодом”, ки имрўз ба назар мерасад, таъкид гардид, ки дар ояндаи наздик шумораи чунин ширкатҳо афзyн хоҳад шуд.

 Таъкид гардид, ки ҳавасмандӣ ва пуштибонии бевоситаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шоҳи Арабистони Саудӣ Абдулло ибни Абдулазиз тақвиятбахш ва такондиҳандаи қавии ҳамкорӣ миёни соҳибкорони ду кишвар аст.

 Ҳайати соҳибкорони Арабистони Саудӣ, ҳамчунин аз пойдории амну суботи Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, онро асоси ҳама асосҳо барои рушди ҳамкорӣ ва таъмини пешрафту шукуфоӣ номиданд ва ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, нафту газ, обу энергетика, саноати кўҳӣ, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ, аз ҷумла чорводорӣ, боғутокпарварӣ, зироаткорӣ ва парвариши занбўри асал ва ҳамчунин бонкдорию сайёҳӣ ҳавасмандии зиёд зоҳир намуданд.

 Соҳибкорони Арабистони Саудӣ бо ишора ба амну суботи Тоҷикистон, сарватҳои бепоёни табиӣ, фазои мусоиди сармоягузорӣ, мардуми хушахлоқу меҳмоннавоз ва дўстони кишвар ба мисли Арабистони Саудӣ, изҳори боварӣ намуданд, ки дар ояндаи наздик шаҳри Душанбе ба Гонгконги Осиёи Марказӣ табдил меёбад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.