Р.Солиев: Лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ба эҳёи иқтисоди Афғонистон кӯмак мерасонанд

Душанбе. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Дар мизи мудавваре, ки аввали ҳафтаи равон таҳти унвони «Афғонистон: раванди сулҳ ва нақши бозигарони калидии минтақа ва ҷаҳон» дар шаҳри Брюссел доир гардид, сафири Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо Рустамҷон Солиев чунин ибрози андеша намуд, ки сохтмони шабакаи нерӯгоҳҳои гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла нерӯгоҳи «Роғун» ва «Даштиҷум» ба […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Дар мизи мудавваре, ки аввали ҳафтаи равон таҳти унвони «Афғонистон: раванди сулҳ ва нақши бозигарони калидии минтақа ва ҷаҳон» дар шаҳри Брюссел доир гардид, сафири Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо Рустамҷон Солиев чунин ибрози андеша намуд, ки сохтмони шабакаи нерӯгоҳҳои гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла нерӯгоҳи «Роғун» ва «Даштиҷум» ба эҳёи иқтисоди Афғонистон кӯмак хоҳанд расонид.

Дар кори мизи мудаввар намояндагони ҳукуматҳои Афғонистон, Иттиҳоди Аврупо, сафирони Афғонистон, Тоҷикистон, ИМА, Эрон, Русия, Покистон, Ҳиндустон, Ӯзбекистон  дар Иттиҳоди Аврупо ва ҳамчунин намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматии Аврупо, ки дар Афғонистон фаъолият дорнд, ширкат варзиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, сафири Тоҷикистон дар ИА дар суханронии худ аз кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳукумати Афғонистон баҳри таъмини сулҳу субот дар ин кишвар пуштибонӣ намуда, изҳор доштааст, ки сохтмони шабакаи нерӯгоҳҳои обӣ-барқӣ дар Тоҷикистон ба таъмини мунтазами иншооти саноатӣ бо нерӯи барқ ва азхудкуниву обёрии заминҳои нав шароит фароҳам месозад.

Ба иттилои манбаъ, Р.Солиев амалисозии лоиҳаи CASA-100-ро барои рушди иқтисоди Афғонистон муҳим арзёбӣ карда, таъкид кардааст, ки омили муҳими дигари таъмини рушди устувор ҷалби Афғонистон ба раванди ҳамгиройии минтақавӣ тавассути роҳандозии ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ бо кишварҳои ҳамсоя аст.

Дипломати тоҷик ҳамчунин таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба рушди тиҷорати наздимарзӣ бо Афғонистон, сохтмони пулҳо дар рӯдхонаи Панҷ ва рушди робитаҳои коммуникатсионӣ миёни ду кишвар ҷалб сохтаааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.