Шикасти дастаи футболи Афғонистон аз Фаластин дар шаҳри Турсунзода

Душанбе. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода дастаи мунтахаби футболи Афғонистон аз дастаи Фаластин бо ҳисоби 0 бар 2 шикаст хӯрд. Ин вохӯрӣ дар чаҳорчӯби мусобиқоти интихобӣ барои чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2014 баргузор шуд. Вохӯрӣ бо бартарии футболбозони Фаластин сурат гирифта, тӯбҳоро ба дарвозаи Афғонистон дар дақиқаи […]

Ҳайдар Шодиев

Душанбе. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода дастаи мунтахаби футболи Афғонистон аз дастаи Фаластин бо ҳисоби 0 бар 2 шикаст хӯрд. Ин вохӯрӣ дар чаҳорчӯби мусобиқоти интихобӣ барои чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2014 баргузор шуд.

Вохӯрӣ бо бартарии футболбозони Фаластин сурат гирифта, тӯбҳоро ба дарвозаи Афғонистон дар дақиқаи 28-ум Мурод Алиён ва 87-ум Исмоил Аламур ворид карданд.

Акнун дастаи Фаластин барои роҳ ёфтан ба даври дуввуми мусобиқоти интихобӣ имкони хуб пайдо кард. Вохӯрии ҷавобӣ рӯзи 3-юми июл пешбинӣ шудааст.

Вохӯрии мазкур бояд дар Афғонистон доир мегардид, вале бинобар вазъи ноамни ин кишвар, Афғонистон аз Тоҷикистон дархост кард, ки ин вохӯрӣ дар Тоҷикистон баргузор гардад ва роҳбарони Федератсияи футболи ҷумҳурӣ ин дархостро пазируфтанд.

Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон аз даври дуввум ба мусобиқоти интихобии Чемпионати ҷаҳон – 2014 миёни кишварҳои Осиё ворид гардида, вохӯрии аввалро рӯзи 23-юми июл дар Сурия ва ҷавобиро рӯзи 28-уми июл дар Тоҷикистон доир месозад.

Дар акс футболбозони Афғонистон зимни тамрин дар Тоҷикистон. Сарчашма:  Centralasiaonline.com

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.