Вохӯрии вазирони нақлиёти кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Ашқобод

Душанбе. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Дар шаҳри Ашқобод вохӯрии дурӯзаи вазирони нақлиёт ва алоқаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар доданд, дар вохӯрӣ вазирону нақлиёту алоқаи Қазоқистон, Эрон, Туркия, Покистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва ҳамчунин намояндагони Бонки осиёгии рушд ва Иттифоқи байнулмилалии […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Дар шаҳри Ашқобод вохӯрии дурӯзаи вазирони нақлиёт ва алоқаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар доданд, дар вохӯрӣ вазирону нақлиёту алоқаи Қазоқистон, Эрон, Туркия, Покистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва ҳамчунин намояндагони Бонки осиёгии рушд ва Иттифоқи байнулмилалии нақлиёти автомобилӣ ширкат варзиданд. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин вохӯрӣ вазири нақлиёти кишвар Низом Ҳакимов сарварӣ кард.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот масоили рушди зербинои нақлиётиву коммуникатсионии минтақа, таъсиси роҳҳои нави нақлиётӣ ва истифодаи методу воситаҳои тозаи инноватсионӣ дар ин соҳа баррасӣ шуданд. «Ҳамчунин иштирокчиёни мулоқот атрофи ҷараёни амалисозии Созишномаи СҲИ оид ба ҳамлу нақли транзитӣ ва муқаррароти Эъломии Ашқобод, ки аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрӣ қабул гардид, табодули афкор карданд», – афзуд сарчашма.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.