«Газпромнефт» нуқтаҳои фурӯш дар Тоҷикистонро таҷдид месозад

Душанбе. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Чанде қабл дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд маросими ифтитоҳи нуқтаи фурӯши маводи сӯзишвории таҷдидёфтаи шабакаи «Газпромнефт» доир гардид. Ба қавли директори генералии ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» Фарҳод Мирзоев, нуқтаи фуруши мазкур дар доираи лоиҳаи ребрендинги маҷмӯии шабакаҳои нуқтаи фурӯши маводи сӯзишвории «Газпромнефт» мутобиқи меъёрҳо барои чунин шакли иншоот таҷдид гардидааст. «Ин […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Чанде қабл дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд маросими ифтитоҳи нуқтаи фурӯши маводи сӯзишвории таҷдидёфтаи шабакаи «Газпромнефт» доир гардид.

Ба қавли директори генералии ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» Фарҳод Мирзоев, нуқтаи фуруши мазкур дар доираи лоиҳаи ребрендинги маҷмӯии шабакаҳои нуқтаи фурӯши маводи сӯзишвории «Газпромнефт» мутобиқи меъёрҳо барои чунин шакли иншоот таҷдид гардидааст. «Ин нуқтаи фурӯш бо назардошти талаботи муосири таъмини амнияти саноати ва экологӣ аз нав бунёд шуда, бо тамоми навъҳои хизматгузорӣ ба ронандагон, аз қабили мағозаву қаҳвахона ва ғайра таъмин аст», – гуфт ӯ.

Бино ба маълумоти ҶДММ «Газпромнефт-Тоҷикистон» ронандагони автомбилҳои хадамоти иҷтимоии шаҳри Чкаловск» мизоҷони аввалини нуқтаи фурӯш шуда, ба онҳо Фарҳод Мирзоев сертификатҳо ба 100 литр бензини ройгонро тақдим кардааст.

Айни замон дар Тоҷикистон 24 нуқтаи фурӯши маводи сӯзишворӣ таҳти бренди «Газпромнефт» фаъолият дошта, 8-тои онҳо пурра ба меъёрҳои ширкат мутобиқат доранд. Боррасони асосии нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории «Газпромнефт» дар Тоҷикистон корхонаи коркарди нафти шаҳри Омски Русия аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.