Пахши барномаи нахустини шабакаи нави телевизионии Конибодом

Конибодом. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Ба сокинони шаҳри Конибодом барномаи нахустини шабакаи нави телевизионии ТВ5 намоиш дода шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз муассисони шабака, тележурналист Нӯъмон Умаров хабар дод, самти асосии фаъолияти шабака ба пешниҳоди иттилооти саҳеҳу дақиқ дар бораи рӯйдодҳои дохилу хориҷи кишвар ва шаҳр ва ҳамчунин ҳифзи фазои иттилооти ҷумҳурӣ […]

Акмал Алиев

Конибодом. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Ба сокинони шаҳри Конибодом барномаи нахустини шабакаи нави телевизионии ТВ5 намоиш дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз муассисони шабака, тележурналист Нӯъмон Умаров хабар дод, самти асосии фаъолияти шабака ба пешниҳоди иттилооти саҳеҳу дақиқ дар бораи рӯйдодҳои дохилу хориҷи кишвар ва шаҳр ва ҳамчунин ҳифзи фазои иттилооти ҷумҳурӣ нигаронида шудааст. «Барои фаъолияти пурсамар ва иҷрои вазифаҳои оинномавӣ шабака фаъолона бо мақомоти шаҳрдорӣ ва созмону ташкилотҳои дигари давлативу ҷамъиятӣ ҳамкории густарда ба роҳ хоҳад монд», – гуфт ӯ.

Номбурда афзуд, кормандони шабакаи нав рӯзноманигорони касбӣ ва ҳайати техникии корозмуда буда, ба қонеъ сохтани талаботи сокинон ҷиҳати тамошои барномаҳои хушсифат қодиранд.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар ин шаҳри ҳаммарз бо Ӯзбекистону Қирғизистон шабакаи телевизионии «Анис» ва радиои шаҳрӣ амал мекунанд. Ҳамчунин ду ҳафтавор ба табъ мерасад, ки яктоаш нашрияи хусусӣ аст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.