Анҷоми мурофиаи додгоҳии як гурӯҳи қочоқбарони нашъа дар Кӯлоб

Кӯлоб. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мурофиаи додгоҳии як гурӯҳи машғул ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба анҷом расид, ки ба он шаш нафар сокинони шаҳри Кӯлоб ва як нафар истиқоматкунандаи ноҳияи Шӯрообод дохил буданд. Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раисикунандаи мурофиаи мазкур, раиси додгоҳи шаҳри Кӯлоб Аслам Холов хабар […]

Турко Дикаев

Кӯлоб. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мурофиаи додгоҳии як гурӯҳи машғул ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба анҷом расид, ки ба он шаш нафар сокинони шаҳри Кӯлоб ва як нафар истиқоматкунандаи ноҳияи Шӯрообод дохил буданд.

Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раисикунандаи мурофиаи мазкур, раиси додгоҳи шаҳри Кӯлоб Аслам Холов хабар дод, се нафар аз айбдоршавандагон – Ш.Боқиев, Абдуғаффор Сарахонов ва Комилхон Давлатов қаблан аз ҷониби додгоҳҳои ноҳияҳои Данғара, Мӯъминобод ва шаҳри Кӯлоб ба муддати аз 4 то 5 сол маҳкум гардида, вале минбаъд мавриди авф қарор гирифта будаанд. «Дар мурофиа чор ҳолати марбут ба дастрас кардан, интиқол ва фурӯши дар маҷмӯъ 11 кило маводи нашъаовар баррасӣ шуд», – гуфт ӯ.

Бино ба маълумоти додгоҳ, узви гурӯҳ, сокини ноҳияи Шӯрообод Муртазо Розиқов якчанд маротиба бо қочоқбари нашъа, шаҳрванди Афғонистон бо исми Маҳмадулло вохӯрда, лекин ба додгоҳ муяссар нашудааст, ки чӣ гуна ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудани шаҳрванди Афғонистонро муайян намояд.

Ба қавли А.Холов, додгоҳ Ш.Боқиевро ба муддати 13,5 сол, А.Сарахонов ва М.Розиқовро ба муддати 10 сол ва узви боқимондаи гурӯҳро ба муддати аз 8 то 9 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.