Қӯрғонтеппа: Боздошти шаҳрванди Афғонистон бо беш аз 40 кило маводи мухаддир

Душанбе. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Дар шаҳри Қӯрғонтеппа як шаҳрванди Афғонистон бо миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддир боздошт шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ –ҷустуҷӯйи дар таърихи 29-уми июни соли ҷорӣ кормандони мақомот ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванди 22-солаи […]

Наргис Ҳамробоева

Душанбе. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Дар шаҳри Қӯрғонтеппа як шаҳрванди Афғонистон бо миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддир боздошт шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ –ҷустуҷӯйи дар таърихи 29-уми июни соли ҷорӣ кормандони мақомот ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванди 22-солаи Афғонистонро боздошт мекунанд. «Ҳангоми кофтуков аз ӯ 4 бастаи дорои беш аз 40 кило маводи мухаддир – 16 кило героин ва зиёда аз 24 кило маводи мухаддири навъи дигар дарёфт ва мусодира крада шуд», – гуфтанд дар вазорат.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, соли равон кормандони вазорат аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 1 тоннаву 300 кило маводи мухаддир, аз ҷумла 169 кило героин, 700 кило афюн ва зиёда аз 1 тоннаву 59 кило маводи нашъаовари гурӯҳи каннабисро мусодира намудаанд. Дар маҷмӯъ аз 510 кӯшиши муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҷилавгирӣ шудааст, ки дар 12 ҳолати он шаҳрвандони Афғонистон ҳузур доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.