ИМА зербинои нерӯҳои марзбонӣ дар Шӯроободро барқарор мекунад

Душанбе. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Бисту нӯҳуми июни соли 2011 Сафири ИМА Кен Гросс, Ёвари Котиби Давлатии ИМА оид ба назорати байналмилалии  маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ (INL) Вилям Браунфилд ва Муовини Фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон генерал-майор Сафаралӣ Назиров ба ҷануби Тоҷикистон барои ташриф овардан ба бинои хобгоҳи сарбозон дар Отряди сарҳадии Шӯробод […]

Asia-Plus

Душанбе. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Бисту нӯҳуми июни соли 2011 Сафири ИМА Кен Гросс, Ёвари Котиби Давлатии ИМА оид ба назорати байналмилалии  маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ (INL) Вилям Браунфилд ва Муовини Фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон генерал-майор Сафаралӣ Назиров ба ҷануби Тоҷикистон барои ташриф овардан ба бинои хобгоҳи сарбозон дар Отряди сарҳадии Шӯробод ва барои иштирок дар маросими ифтитоҳи расмии Дидбонгоҳи сарҳадии тармиму таҷдидгаштаи  Яхчи Пун сафар карданд.  

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, бахши  Сафорати ИМА оид ба муборизаи байналмилалӣ алайҳи  маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳукукӣ (INL), барои сохтмони хобгоҳи нав дар Отряди сарҳадии Шуробод зиёда аз 1 милион доллари ИМА ва барои Дидбонгоҳи сарҳадии Яхчи Пун $600 000 сарф кард.  Бинои хобгоҳро дар Отряди сарҳадии Шӯробод ширкати сохтмонии БСК-Осиё ва Дидбонгоҳи сарҳадии Яхчи Пунро ҶСДМ Комплекс сохтанд ва лоиҳа аз ҷониби Раёсати Созмони Миллали Муттаҳид оид ба назорати маводи мухаддир ва ҷиноятҳо (UNODC) амалӣ шудааст. 

Бинои нав дар Шӯробод бо дархости фавқулодаи сарҳадбонони тоҷик, баъд аз оне, ки тобистони гузашта дар натиҷаи сел бинои пешина вайрон шуда буд, сохта шуд.  Шӯробод якумин иншооти сарҳадии Тоҷикистон мебошад, ки бо фаршҳои гарм таҷҳизонида шудааст.  Дидбонгоҳи нави сарҳадии Яхчи Пун нерӯгоҳи хурди барқӣ ва ду деге, ки зимистон гармидиҳии кифояро таъмин мекунанд, дар бар мегирад.

Дар доираи ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон, INL барои барқароркунии якчанд дидбонгоҳҳои дигари сарҳадии ноҳияи Шӯробод, аз ҷумла Хирманҷо, Шоғун, Боғ, Баҳорак, Йол ва Сари Ғор маблағ ҷудо кардааст.  Раёсати Созмони Миллали Муттаҳид оид ба назорати маводи мухаддир ва ҷиноятҳо (UNODC) шарики иҷрокунандаи INL дар татбиқи якчанд лоихахо мебошад.  Бонки Рушди Осиё шарики иҷрокунандаи INL дар татбиқи ду лоиҳаи дигар дар Кулма ва Қизил-Арти Бадахшон аст.  Ин лоиҳаҳо ташаббуси нерӯи табиии INL-ро муаррифӣ мекунанд, ки истифодаи лавҳаҳои офтобӣ ва турбинаҳои шамолиро барои истеҳсоли нерӯи барқ ва гармӣ мавриди истифода қарор медиҳад.  INL умед дорад, ки барқарорсозии иншоотҳои мазкури сарҳадиро то моҳи октябр ба итмом мерасонад.  INL дар оянда ҳам таъминоти иншоотҳои навро бо таҷҳизот ва таълими марзбонони Тоҷикистонро дар робита ба иҷроиши Стратегияи миллии марзбонии Ҳукумати Тоҷикистонро идома медиҳад.

 Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ба идомадиҳии пуштибонӣ аз ҷомеаи ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва кӯмак ба он омода аст. Аз соли 1992 инҷониб Ҳукумати ИМА барои барномаҳои ба тақвияти соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва амният, болоравии иқтисодӣ, ниҳодҳои демократӣ, тандурустӣ ва маорифи Тоҷикистон кӯмакдиҳанда беш аз 984 миллион доллари амрикоиро таъмин намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.