Дар Душанбе масъалаи имкони танзими давлатии нарх баррасӣ мешавад

Date:

Душанбе. 1-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Баҳодиҳӣ ба оқибатҳои лоиҳаи танзими давлатии нарх дар Тоҷикистон» мизи мудаввар доир мегардад, ки ба ташаббуси Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумат оид ба танзими нархи чакана ба як қатор маҳсулоти таъиноти иҷтимоидошта бахшида мешавад.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Иттиҳодияи ҷамъиятии «Маркази бозори озоди Тоҷикистон» бо дастгирии молиявии Хазинаи Фридрих Науманн дар ҳамдастӣ бо Хазинаи таҳқиқоти иқтисодии «Атлас»-и ИМА созмон дода шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази бозори озоди Тоҷикистон хабар доданд, чорабинӣ бо мақсади баррасии ҳамаҷонибаи мушкилоти зикршуда аз ҷониби коршиносон, баҳодиҳӣ ба самаранокии лоиҳаи пешниҳодшуда оид ба танзими нарх ва оқибатҳои имконпазири он ба соҳибкорон ва аҳолӣ доир мегардад.

Интизор меравад, ки дар кори мизи мудаввар намояндагони мақомоти давлатӣ, роҳбарони иттиҳодияҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ, мутахассисони созмонҳои байнулмилалӣ, коршиносони мустақил ва рӯзноманигорон ширкат меварзанд.

Дар маркази мазкур бар ин назаранд, ки болоравии бесобиқаи қимати маҳсулоти ниёзи аввалия мақомоти давлатии Тоҷикистонро водор сохт, ки роҳҳои ҳалли мушкилотро дар роҳандозии назорат аз болои тартиботи нархгузорӣ ҷустуҷӯ намоянд. «Лоиҳаи аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ пешниҳодшуда муқаррар кардани ҳаҷми маблағи изофаи чакана барои маҳсулоти ҷудогонаи таъиноти иҷтимоидоштаро пешбинӣ менамояд», – гуфтанд дар марказ.

Қобили зикр аст, ки айни замон лоиҳаи зикршуда дар марҳилаи мувофиқасозӣ бо мақомоти дахлдор қарор дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...