Соли 2013 аҳолии Тоҷикистон аз 8 млн. нафар зиёд мешавад

Душанбе. 1-уми июл. «Азия-Плюс» — | Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.  Дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд, ки зимни он роҳбарони як қатор институтҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон ва аъзои нави ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ ва […]

Asia-Plus

Душанбе. 1-уми июл. «Азия-Плюс» — | Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 Дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд, ки зимни он роҳбарони як қатор институтҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон ва аъзои нави ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ ва Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.

 Сипас ҳисоботи Вазири кишоварзӣ доир ба татбиқи Барномаи рушди соҳаи қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 шунида шуд. Тавре зикр гардид, дар натиҷаи татбиқи босамари ин барнома, ки бо ташаббуси Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва қабул шуда буд, саршумори қутос аз 18300 сари соли 2008 ҳоло ба 21500 сар расидааст. Солҳои пеш қутосро танҳо дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон во хўрдан мумкин буд, ҳоло бошад ин ҷонвари нодир дар ноҳияҳои Ҷиргатол, Балҷувон, Айнӣ ва Кўҳистони Мастчоҳ низ парвариш меёбад.

 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдор дастур дод, ки доир ба зиёд кардани саршумори қутос, ду баробар афзун намудани маблағгузории давлатӣ ба ин кор, ба роҳ мондани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ барои беҳсозии зоти ин чорвои нодир, ба бозорҳо пешниҳод намудани гўшти он ва бунёди сехҳои коркарди маҳсулоти қутос чораҳои судбахш амалӣ намоянд. 

 Сипас Вазири фарҳанги кишвар доир ба рафти татбиқи Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015 ва Барномаи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015 ҳисобот дод.

 Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои татбиқи босамари барномаҳои мазкур ва ҳамчунин ҷамъоварии китобҳои нодири бадеӣ, илмӣ-оммавӣ, таърихию фарҳангӣ ва ғайра барои Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки дар арафаи ҷашни 20-умин солгарди  истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт, тадбирҳои судбахш андешида шавад.

 Ќоидаҳои таъмини ҳифзи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар корхонаҳои истихроҷи маъдани кўҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

 Ќарор карда шуд, ки натиҷаҳои пешакии барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010 то натиҷагирии ҷамъбастии он мавриди истифода қарор дода шавад.

 Тавре зикр гардид, мутобиқи ҳисоботи пешакӣ шумораи аҳолии доимии Тоҷикистон ба ҳолати 21 сентябри соли 2010  7 миллиону 565 ҳазор нафар аст. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2000 1 миллиону 438 ҳазор ё 23% зиёд аст.

 Дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2014 маъқул дониста шуд.

 Тибқи ин санад, дар соли 2012 шумораи аҳолии доимии Тоҷикистон бояд ба 7 миллиону 920 ҳазор нафар расида, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ бо нархҳои дурнамо ба 35 миллиарду 800 миллион сомонӣ ва суръати афзоиши он ба 7% баробар шавад.

 Дар солҳои 2013 ва 2014 бошад мутаносибан шумораи аҳолӣ бояд ба 8 миллиону 70 ҳазор ва 8 миллиону 230 ҳазор расида, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ бо нархҳои дурнамо ба 40 миллиарду 700 миллион сомонӣ ва 46 миллиарду 900 миллион сомонӣ ва суръати афзоиши он ба 7,2% ва 7,3% баробар гардад.

 Лоиҳаи як қатор қонунҳо маъқул дониста шуд, ки тибқи онҳо ба як зумра қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла ба қонунҳо «Дар бораи реклама» ва «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ» тағйиру иловаҳо пешниҳод мегардад.

 Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷамъбасти маҷлис ба масъулини дахлдор, ҳамчунин доир ба омодагии ҷиддӣ ба истиқболи сазовори 20-умин солгарди  истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дастуру ҳидоятҳо дод. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.