Дар Душанбе масъалаи имкони танзими давлатии нарх баррасӣ мешавад

Душанбе. 1-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Баҳодиҳӣ ба оқибатҳои лоиҳаи танзими давлатии нарх дар Тоҷикистон» мизи мудаввар доир мегардад, ки ба ташаббуси Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумат оид ба танзими нархи чакана ба як қатор маҳсулоти таъиноти иҷтимоидошта бахшида мешавад. Чорабинии мазкур аз ҷониби Иттиҳодияи ҷамъиятии «Маркази бозори озоди Тоҷикистон» бо […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 1-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Баҳодиҳӣ ба оқибатҳои лоиҳаи танзими давлатии нарх дар Тоҷикистон» мизи мудаввар доир мегардад, ки ба ташаббуси Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумат оид ба танзими нархи чакана ба як қатор маҳсулоти таъиноти иҷтимоидошта бахшида мешавад.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Иттиҳодияи ҷамъиятии «Маркази бозори озоди Тоҷикистон» бо дастгирии молиявии Хазинаи Фридрих Науманн дар ҳамдастӣ бо Хазинаи таҳқиқоти иқтисодии «Атлас»-и ИМА созмон дода шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази бозори озоди Тоҷикистон хабар доданд, чорабинӣ бо мақсади баррасии ҳамаҷонибаи мушкилоти зикршуда аз ҷониби коршиносон, баҳодиҳӣ ба самаранокии лоиҳаи пешниҳодшуда оид ба танзими нарх ва оқибатҳои имконпазири он ба соҳибкорон ва аҳолӣ доир мегардад.

Интизор меравад, ки дар кори мизи мудаввар намояндагони мақомоти давлатӣ, роҳбарони иттиҳодияҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ, мутахассисони созмонҳои байнулмилалӣ, коршиносони мустақил ва рӯзноманигорон ширкат меварзанд.

Дар маркази мазкур бар ин назаранд, ки болоравии бесобиқаи қимати маҳсулоти ниёзи аввалия мақомоти давлатии Тоҷикистонро водор сохт, ки роҳҳои ҳалли мушкилотро дар роҳандозии назорат аз болои тартиботи нархгузорӣ ҷустуҷӯ намоянд. «Лоиҳаи аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ пешниҳодшуда муқаррар кардани ҳаҷми маблағи изофаи чакана барои маҳсулоти ҷудогонаи таъиноти иҷтимоидоштаро пешбинӣ менамояд», – гуфтанд дар марказ.

Қобили зикр аст, ки айни замон лоиҳаи зикршуда дар марҳилаи мувофиқасозӣ бо мақомоти дахлдор қарор дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.