Мусоидати ИМА ба Тоҷикистон дар мубориза зидди маводи мухаддир

Date:

Душанбе. 1-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар мулоқоти ёвари котиби давлатии ИМА оид ба муборизаи байнулмилалӣ бо маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ Вилям Браунфилд бо мақомоти раҳбарии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон нақшаи ҳукумати ИМА бобати кӯмак ба Тоҷикистон дар пешгирии қочоқи маводи нашъаовар ва ҳамчунин таҳкими муҳофизати марзҳо баррасӣ шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентии мазкур хабар доданд, директори агентӣ Рустам Назаров намояндаи Департаменти давлатии ИМА-ро бо вазъи мубориза бар зидди маводи мухаддир дар ҷумҳурӣ, чораҳои андешидаи ҳукумати кишвар дар ин самт ва фаъолияти агентӣ шинос намуд. «Ёвари котиби давлатии ИМА роҳандозии ҳамкории мутақобила дар ин самтро муҳим арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки ҳукумати ИМА ба мусоидат ба Тоҷикистон дар мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, аз ҷумла таъсиси воҳидҳои нав дар агентӣ омода аст. Ҳамчунин ҷонибҳо масъалаи сохтмони маркази омӯзишӣ дар агентӣ оид ба такмили ихтисоси кормандони сохторҳои мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро низ баррасӣ карданд», – гуфтанд дар агентӣ.

Номбурда гуфтааст, ҳамкории мутақобилаи ҳукумати ИМА бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз ахири солҳои 90-уми асри гузашта оғоз ёфта, дар ин давра ҳукуматдорни ИМА ба агентӣ ҷиҳати таъминот бо воситаву таҷҳизоти техникӣ ва беҳбуди сатҳи тахассусии кормандон кӯмак расонидаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...