Музди миёнаи меҳнат дар Кӯлоб қариб ду баробар аз расман эълоншуда камтар аст

Кӯлоб. 1-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар зарфи панҷ моҳи соли ҷорӣ музди миёнаи меҳнат дар ҳамаи бахшҳои фаъолият дар шаҳр ва ноҳияи Кӯлоб каме зиёдтар аз 337 сомониро ташкил дод. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати омори шаҳри Кӯлоб Маҳсиддин Мӯсоев хабар дод, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 53 сомонӣ бештар […]

Турко Дикаев

Кӯлоб. 1-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар зарфи панҷ моҳи соли ҷорӣ музди миёнаи меҳнат дар ҳамаи бахшҳои фаъолият дар шаҳр ва ноҳияи Кӯлоб каме зиёдтар аз 337 сомониро ташкил дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати омори шаҳри Кӯлоб Маҳсиддин Мӯсоев хабар дод, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 53 сомонӣ бештар буда, афзоиши ҳаҷми музди меҳнат дар ҳамаи бахшҳо ба қайд гирифта шудааст. «Дар ҳамин ҳол, дар аксари соҳаҳо ҳаҷми музди миёнаи меҳнат дар як моҳ аз ҳаҷми расман дар ҷумҳурӣ элоншудаи 100 доллари ИМА қариб ду баробар поин буда, кишоварзон ва кормандони хоҷагии ҷангал ҳамагӣ то 20 доллари ИМА маош мегиранд», – изҳор дошт ӯ.

Ба қавли мавсуф, ҳаҷми музди миёнаи меҳнати кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, алоқа ва хадамоти коммуналии шаҳри Кӯлоб 52 доллари ИМА дар як моҳро ташкил додааст. «Ҳаҷми бештар аз 100 доллари ИМА-и музди миёнаи меҳнат дар муассиаҳои қарздиҳиву молиявӣ, мақомоти суғурта, бахши сохтмон ва корхонаҳои соҳаи энергетикаву хоҷагии об ба қайд гирифта шуд», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.