Мусоидати ИМА ба Тоҷикистон дар мубориза зидди маводи мухаддир

Душанбе. 1-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар мулоқоти ёвари котиби давлатии ИМА оид ба муборизаи байнулмилалӣ бо маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ Вилям Браунфилд бо мақомоти раҳбарии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон нақшаи ҳукумати ИМА бобати кӯмак ба Тоҷикистон дар пешгирии қочоқи маводи нашъаовар ва ҳамчунин таҳкими муҳофизати марзҳо баррасӣ шуданд. Тавре […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 1-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар мулоқоти ёвари котиби давлатии ИМА оид ба муборизаи байнулмилалӣ бо маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ Вилям Браунфилд бо мақомоти раҳбарии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон нақшаи ҳукумати ИМА бобати кӯмак ба Тоҷикистон дар пешгирии қочоқи маводи нашъаовар ва ҳамчунин таҳкими муҳофизати марзҳо баррасӣ шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентии мазкур хабар доданд, директори агентӣ Рустам Назаров намояндаи Департаменти давлатии ИМА-ро бо вазъи мубориза бар зидди маводи мухаддир дар ҷумҳурӣ, чораҳои андешидаи ҳукумати кишвар дар ин самт ва фаъолияти агентӣ шинос намуд. «Ёвари котиби давлатии ИМА роҳандозии ҳамкории мутақобила дар ин самтро муҳим арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки ҳукумати ИМА ба мусоидат ба Тоҷикистон дар мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, аз ҷумла таъсиси воҳидҳои нав дар агентӣ омода аст. Ҳамчунин ҷонибҳо масъалаи сохтмони маркази омӯзишӣ дар агентӣ оид ба такмили ихтисоси кормандони сохторҳои мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро низ баррасӣ карданд», – гуфтанд дар агентӣ.

Номбурда гуфтааст, ҳамкории мутақобилаи ҳукумати ИМА бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз ахири солҳои 90-уми асри гузашта оғоз ёфта, дар ин давра ҳукуматдорни ИМА ба агентӣ ҷиҳати таъминот бо воситаву таҷҳизоти техникӣ ва беҳбуди сатҳи тахассусии кормандон кӯмак расонидаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.