Тавсеъаи минтақаи фарогири шабакаи Beeline дар Тоҷикистон

Date:

Душанбе. 1-уми июл. «Азия-Плюс» — | ҶДММ «Таком», ки дар Тоҷикистон таҳти тамғаи Beeline хизматгузории алоқаи мобилиро пешниҳод мекунад, дар бораи тавсеъаи минтақаи фарогири шабака эълон кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҶДММ «Таком» хабар доданд, дар харитаи фарогири шабака деҳоти нав дар ноҳияҳои тобеи марказ – Бунгакиён, Навобод, Нуробод, Ромит, Шӯроб, Шоҳамбарӣ, Қиблава Нимиҷ пайдо шуданд. «Дар вилояти Суғд ба маҳаллаҳои аҳолинишини Рарз, Вешаб, Похут, Пунук, Ашти Боло, Чорух-Дайрон, дар вилояти Хатлон дар Пошшодара, Тугарак, Саричашма, Моҷиробод, Батробод ва дар ВМКБ дар Баравн ва Тусён алоқаи мобилии ширкат дастрас гардид», – гуфтанд дар ширкат.

Директори генералии ҶДММ «Таком» Сергей Миронов дар робита ба ин масъала мегӯяд, дар муддати начандон зиёд шумори муштариёни шабакаи Beeline ба миқдори зиёда аз 60 ҳазор нафар зиёд гардидааст. «Қисмати зиёди истгоҳҳои заминавӣ дар минтақаи душворгузари кӯҳистон насб гардида, мавриди истифода қарор гирифтани чунин навъи таҷҳизот дар Тоҷикистон кори муҳим аст», – афзуд номбурда.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...