Тавсеъаи минтақаи фарогири шабакаи Beeline дар Тоҷикистон

Душанбе. 1-уми июл. «Азия-Плюс» — | ҶДММ «Таком», ки дар Тоҷикистон таҳти тамғаи Beeline хизматгузории алоқаи мобилиро пешниҳод мекунад, дар бораи тавсеъаи минтақаи фарогири шабака эълон кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҶДММ «Таком» хабар доданд, дар харитаи фарогири шабака деҳоти нав дар ноҳияҳои тобеи марказ – Бунгакиён, Навобод, Нуробод, Ромит, Шӯроб, Шоҳамбарӣ, Қиблава Нимиҷ […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 1-уми июл. «Азия-Плюс» — | ҶДММ «Таком», ки дар Тоҷикистон таҳти тамғаи Beeline хизматгузории алоқаи мобилиро пешниҳод мекунад, дар бораи тавсеъаи минтақаи фарогири шабака эълон кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҶДММ «Таком» хабар доданд, дар харитаи фарогири шабака деҳоти нав дар ноҳияҳои тобеи марказ – Бунгакиён, Навобод, Нуробод, Ромит, Шӯроб, Шоҳамбарӣ, Қиблава Нимиҷ пайдо шуданд. «Дар вилояти Суғд ба маҳаллаҳои аҳолинишини Рарз, Вешаб, Похут, Пунук, Ашти Боло, Чорух-Дайрон, дар вилояти Хатлон дар Пошшодара, Тугарак, Саричашма, Моҷиробод, Батробод ва дар ВМКБ дар Баравн ва Тусён алоқаи мобилии ширкат дастрас гардид», – гуфтанд дар ширкат.

Директори генералии ҶДММ «Таком» Сергей Миронов дар робита ба ин масъала мегӯяд, дар муддати начандон зиёд шумори муштариёни шабакаи Beeline ба миқдори зиёда аз 60 ҳазор нафар зиёд гардидааст. «Қисмати зиёди истгоҳҳои заминавӣ дар минтақаи душворгузари кӯҳистон насб гардида, мавриди истифода қарор гирифтани чунин навъи таҷҳизот дар Тоҷикистон кори муҳим аст», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.