Дар роҳҳои Душанбе зарфи як моҳ 1100 ҳодисаҳои қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуданд

Душанбе. 1-уми июл. «Азия-Плюс» — | Аз замони дар пойтахт ҷорӣ шудани тарофаҳои нави аризши роҳкирои нақлиёти мусофиркаши ҷамъиятӣ ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии пойтахт ягон арзу шикоят нисбати ронадагон ворид нашудааст, – мегӯяд Субҳон Сафиаллоев, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ҳамзамон раиси Комисиияи доимӣ оид ба масоили нақлиёт, коммуникатсия ва роҳҳо. Ба […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 1-уми июл. «Азия-Плюс» — | Аз замони дар пойтахт ҷорӣ шудани тарофаҳои нави аризши роҳкирои нақлиёти мусофиркаши ҷамъиятӣ ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии пойтахт ягон арзу шикоят нисбати ронадагон ворид нашудааст, – мегӯяд Субҳон Сафиаллоев, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ҳамзамон раиси Комисиияи доимӣ оид ба масоили нақлиёт, коммуникатсия ва роҳҳо.

Ба қавли ӯ, ба телефонҳои боварии маъмурият шахсони номаълум дар ин хусус занг мезананд, вале маъмулан рақами автомашина ва ному насаби ронандаро, ки худсарона қимати роҳкироро боло бурдааст, гуфта наметавонанд. «Дар зарфи як моҳ аз ҷониби ситоди шаҳрӣ, ки ба ҳайати он намояндагони мақомоти шаҳрдорӣ, БДА ва идораи санитарию эпидемиологӣ шомиланд, 1100 ҳодисаи қонуншиканӣ аз ҷониби ронандагони нақлиёти ҷамъиятиро ошкор гардид», – мегӯяд вай.

Дар зикри навъҳои қонуншиканӣ С.Сафиаллоев изҳор кард, ки 104-тои он ба масъалаи бидуни иҷозатнома ба мусофиркашӣ машғул будан, 22-то ба идораи автомашина бидуни шаҳодатномаи ронандагӣ, 231-то ба тағйири хатсайр ва 198-то ба боздоштани нақлиёт дар ҷоий манъшуда марбутанд.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи пойтахт ҳамчунин гуфт, мушкилоти аслии имрӯза ба Душанбе воридшавии нақлиётест, ки дар ноҳияҳои тобеи марказ ба қайд гирифта шуда, барои  кор дар пойтахт иҷозатнома надоранд. «Ҳамарӯза ҳудуди 2 ҳазор адад нақлиёти мусофиркаши ноҳиҳои тобеи марказ мусофирони худро дар макони муқарраршудаи даромадгоҳи шаҳр пиёда накарда, онҳоро то маркази шаҳр мерасонанд ва ин дар навбати худ, ба беҳад зиёдшавии нақлиёт дар роҳҳои пойтахт боис мегардад», – таъкид кард ӯ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.