Як тоҷикистонӣ аз бозии «Лотои давлатӣ»-и Русия 14 млн. рубл бурд кард

Date:

Душанбе. 1-уми июл. «Азия-Плюс» — | Шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон Манучеҳр Ҳусейнов аз бозии «Лотои давлатӣ»-и Русия 14 млн. рубл бурд кард.

Бино ба иттилои хабаргузориҳои маҳаллӣ, Манучеҳр Ҳусейнов бо падару модар ва зану фарзандаш муддати зиёд аст, ки дар шаҳри Омски Русия кору зиндагӣ доранд ва ӯ се сол аст, ки дар «Лото» бозӣ мекунад. Дар назди вокзали роҳи оҳани ин шаҳр оилаи онҳо ба санбӯсапазӣ машғул будаанд.

Модари Манучеҳр мегӯяд, онҳо зиёда аз 10 сол аст, ки дар шаҳри Омск ба ин кор машғул буда, акнун якчанд гуқтаҳои фурӯши худро боз кардаанд.

Манучеҳр гуфтааст, ин бурди калон барои оилааш буда, мехоҳад аҳли оиларо хушбахту сарбаланд бубинад.

Хабаргузориҳо менависанд, акнун ин оилаи тоҷик ният доштааст, ки дар наздикиҳои шаҳри Омск як ферма бунёд намуда, 200-300 сар гӯсфандҳои зотӣ бихаранд. «Аз ҳар 100 сар гӯсфанд 80 барра насл гирифта мешавад ва дар муддати 6 моҳ метавон онҳоро барои ба фурӯш баровардан парвариш кард, ки як сари он 3500-4000 рубл арзиш дорад ва албатта, ин тиҷорати даромаднок аст», – гуфтаанд оилаи Ҳусейновҳо.

Зикр мегардад, ки баҳри роҳандозии ин тиҷорат онҳо 3 млн. рубл маблағ масраф карданӣ будаанд. Боз 5 млн. рубли дигар ҷиҳати харидории манзили зисти шахсии оила пешбинӣ шуда, худи Манучеҳр соҳиби автомашинаи хуби тамғаи хориҷӣ шуданист.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...