Як тоҷикистонӣ аз бозии «Лотои давлатӣ»-и Русия 14 млн. рубл бурд кард

Душанбе. 1-уми июл. «Азия-Плюс» — | Шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон Манучеҳр Ҳусейнов аз бозии «Лотои давлатӣ»-и Русия 14 млн. рубл бурд кард. Бино ба иттилои хабаргузориҳои маҳаллӣ, Манучеҳр Ҳусейнов бо падару модар ва зану фарзандаш муддати зиёд аст, ки дар шаҳри Омски Русия кору зиндагӣ доранд ва ӯ се сол аст, ки дар «Лото» бозӣ мекунад. […]

Asia-Plus

Душанбе. 1-уми июл. «Азия-Плюс» — | Шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон Манучеҳр Ҳусейнов аз бозии «Лотои давлатӣ»-и Русия 14 млн. рубл бурд кард.

Бино ба иттилои хабаргузориҳои маҳаллӣ, Манучеҳр Ҳусейнов бо падару модар ва зану фарзандаш муддати зиёд аст, ки дар шаҳри Омски Русия кору зиндагӣ доранд ва ӯ се сол аст, ки дар «Лото» бозӣ мекунад. Дар назди вокзали роҳи оҳани ин шаҳр оилаи онҳо ба санбӯсапазӣ машғул будаанд.

Модари Манучеҳр мегӯяд, онҳо зиёда аз 10 сол аст, ки дар шаҳри Омск ба ин кор машғул буда, акнун якчанд гуқтаҳои фурӯши худро боз кардаанд.

Манучеҳр гуфтааст, ин бурди калон барои оилааш буда, мехоҳад аҳли оиларо хушбахту сарбаланд бубинад.

Хабаргузориҳо менависанд, акнун ин оилаи тоҷик ният доштааст, ки дар наздикиҳои шаҳри Омск як ферма бунёд намуда, 200-300 сар гӯсфандҳои зотӣ бихаранд. «Аз ҳар 100 сар гӯсфанд 80 барра насл гирифта мешавад ва дар муддати 6 моҳ метавон онҳоро барои ба фурӯш баровардан парвариш кард, ки як сари он 3500-4000 рубл арзиш дорад ва албатта, ин тиҷорати даромаднок аст», – гуфтаанд оилаи Ҳусейновҳо.

Зикр мегардад, ки баҳри роҳандозии ин тиҷорат онҳо 3 млн. рубл маблағ масраф карданӣ будаанд. Боз 5 млн. рубли дигар ҷиҳати харидории манзили зисти шахсии оила пешбинӣ шуда, худи Манучеҳр соҳиби автомашинаи хуби тамғаи хориҷӣ шуданист.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.