«Гузоришгарони бидуни марз» озодии рӯзноманигори тоҷикро тақозо доранд

Душанбе. 1-уми июл. «Азия-Плюс» — | Созмони байнулмилалии ғайриҳукуматии «Гузоришгарони бидуни марз» дар ҳамраъйӣ бо даъвати кормандони Би-Би-Си тақозо дорад, ки хабарнигори Би-Би-Си дар Тоҷикистон Ӯрунбой Усмонов, ки шурӯъ аз 13-уми июн дар шаҳри Хуҷанд ба иттиҳоми узвият дар созмони ифротгарои «Ҳизб-ут-таҳрир» боздошт шудааст, фавран озод карда шавад. Дар изҳороти интишоршуда дар сомонаи расмии созмон […]

Asia-Plus

Душанбе. 1-уми июл. «Азия-Плюс» — | Созмони байнулмилалии ғайриҳукуматии «Гузоришгарони бидуни марз» дар ҳамраъйӣ бо даъвати кормандони Би-Би-Си тақозо дорад, ки хабарнигори Би-Би-Си дар Тоҷикистон Ӯрунбой Усмонов, ки шурӯъ аз 13-уми июн дар шаҳри Хуҷанд ба иттиҳоми узвият дар созмони ифротгарои «Ҳизб-ут-таҳрир» боздошт шудааст, фавран озод карда шавад.

Дар изҳороти интишоршуда дар сомонаи расмии созмон (


www.rsf.org

)

дар робита ба ин масъала гуфта мешавад, «бекор шудани иттиҳоми узвият дар гурӯҳи фаъолияташ мамнӯъ нишон медиҳад, ки то чӣ андоза иттиҳомоти ворида алайҳи вай (Ӯрунбой Усмонов) заъиф ва бепоя аст. Мақомот ҳоло мехоҳанд обрӯи худро ҳифз кунанд. Иттиҳомоти тоза алайҳи вай беасос аст ва озодии матбуъотро ҷиддан нақз мекунад».

Ёдрас мекунем, ки қаблан намояндагони Би-Би-Си изҳор доштанд, ки айбдории узвияти Усмонов ба «Ҳизб-ут-Таҳрир» бекор шуда, акнун ӯ танҳо ба огаҳ накардани ҳукуматдорон аз фаъолияти созмони мамнӯъ айбдор карда мешавад.

Созмони «Гузоришгарони бидуни марз» бо истинод ба Файзинисо Воҳидова, ҳимоягари Усмонов изҳор мекунанд, ки ҷониби айбдоркунанда далелҳои кофӣ надоштааст.

Ҳимоягар ҳамчунин зикр кардааст, ки рӯзноманигорон «ӯҳдадор нестанд, ки ҳукуматдоронро аз таҳқиқоти худ огаҳ созанд, зеро ин риоя накардани махфӣ нигоҳ доштани сарчашмаи иттилоъот аст». Гуфта мешавад, дар компютери кории Усмонов якчанд китобу асноди ҳизб дарёфт шудаанд.

«Гузоришгарони бидуни марз» бар ин назаранд, ки мулоқоти Усмонов бо аъзои «Ҳизб-ут-таҳрир «бахше аз фаъолияти рӯзноманигории вай барои таҳқиқи бештар дар бораи фаъолияти ин гурӯҳи мамнӯъшуда дар Тоҷикистон аст».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.