Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо ёвари котиби давлатии ИМА

Душанбе. 1-уми июл. «Азия-Плюс» — | Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба муборизаи байналмилалӣ бо маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ Вилям Браунфилдро ба ҳузур пазируфт.  Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Амрико дар арсаҳои гуногун баррасӣ шуд.  Таваҷҷуҳи асосӣ ба […]

Asia-Plus

Душанбе. 1-уми июл. «Азия-Плюс» — | Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба муборизаи байналмилалӣ бо маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ Вилям Браунфилдро ба ҳузур пазируфт.

 Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Амрико дар арсаҳои гуногун баррасӣ шуд.

 Таваҷҷуҳи асосӣ ба ҳамгироии муштарак дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва мусоидат ба таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон зоҳир гардид.

 Аз сатҳ ва мазмуни ҳамкории сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Тоҷикистону Амрико дар самти мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, ки аз ҷумла дар шакли омодасозии кадрҳо, машғулиятҳои муштарак ва расондани кўмакҳои техникӣ сурат мегирад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

 Аз ду ҷониб таъкид гардид, ки дар мубориза бо истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир Тоҷикистону Амрико бояд бо тамоми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Русия ҳамгироии зич  ба роҳ монанд.

 Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар натиҷаи амалӣ шудани тадбирҳои судманди муштарак дар Афғонистон, аз ҷумла несту нобуд кардани киштзорҳои растаниҳои нашъадор ва муборизаи босамар бо қочоқбарон вақтҳои охир гардиши маводи мухаддир рў ба коҳиш овардааст. Ҳарду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии устувори худро ба идомаи муборизаи муваффақона бо ин вабои аср ва ҳамчунин ба густариши ҳамкорӣ дар дигар самтҳо таъкид намуданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.