Боздошти фурӯшандаи афюн дар Истаравшан

Хуҷанд. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — Дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд савдогари маводи мухаддир зимни фурӯши он боздошт шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, дар қаламрави бозори марказии шаҳри Истаравшан сокини ҷамоати Гули Сурх Р.Ф. ҳангоми фурӯши маводи мухаддир ба харидорӣ шартӣ ба маблағи 300 $ дастгир шудааст. «Аз […]

Мавлуда Рафиева

Хуҷанд. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — Дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд савдогари маводи мухаддир зимни фурӯши он боздошт шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, дар қаламрави бозори марказии шаҳри Истаравшан сокини ҷамоати Гули Сурх Р.Ф. ҳангоми фурӯши маводи мухаддир ба харидорӣ шартӣ ба маблағи 300 $ дастгир шудааст. «Аз боздоштшуда ду бастаи дорои беш аз 2 кило маводи мухаддири афюн дарёфт ва мусодира карда шуд», – гуфтанд дар раёсат.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 200, қ.3-и КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Бино ба маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, дар зарфи 5 моҳи соли равон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят аз муомилоти ғайриқонунӣ 338 кило маводи нашъаоварро дарёфт ва мусодира кардаанд. Ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта ба 98 кило баробар буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.