Ҳафтаи ахир ғаллакорони кишвар беш аз 76 ҳазор тонна ҳосил ғундоштанд

Душанбе. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Тайи ҳафтаи сипаригашта деҳқонони тоҷик беш аз 76 ҳазор тонна ҳосили зироатҳои ғалладонагӣ ҷамъоварӣ карданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, то имрӯз ғаллакорон аз 87,3 ҳазор замини кишт ҳосили зироатҳои ғалладонагиро ҷамъоварӣ намудаанд, ки 29,2 фоиз аз майдони умумии ҷудошуда (299,1 ҳазор […]

Мавҷуда Ҳасанова

Душанбе. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Тайи ҳафтаи сипаригашта деҳқонони тоҷик беш аз 76 ҳазор тонна ҳосили зироатҳои ғалладонагӣ ҷамъоварӣ карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, то имрӯз ғаллакорон аз 87,3 ҳазор замини кишт ҳосили зироатҳои ғалладонагиро ҷамъоварӣ намудаанд, ки 29,2 фоиз аз майдони умумии ҷудошуда (299,1 ҳазор гектар)-ро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, аз оғози мавсими ҳосилғундорӣ дар кишвар 172,7 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона ҷамъоварӣ шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 7 ҳазор тонна зиёдтар аст. «Аз миқдори умумии ҳосили ғундошта 166,5 ҳазор тоннашро гандум ташкил дод, ки соли равон барои кишти он 223,8 ҳазор гектар замин ҷудо гардида буд», – гуфтанд дар вазорати кишоварзӣ.

Аз Раёсати Вазорати кишоварзӣ ҳамчунин иттилоъ доданд, ки ҳосилнокии зироати ғалладона, аз ҷумла гандум низ 25,2 сентнер аз ҳар як гектарро ташкил додааст, ки аз нишондиҳандаҳои соли гузашта бештар аст. «Ба ҷуз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки иқлимаш аз дигар манотиқи кишвар фарқ дораду ҳосил ҳоло пухта нарасидааст, дар майдонҳои кишти саросари ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосил идома дорад», – афзуд манбаъ.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, соли ҷорӣ барои кишти зироати ғалладона 300 ҳазор гектар замин ҷудо гардида, мутобиқан ба даст овардани на камтар аз 1,2 млн. тонна ҳосил дар назар аст.

Соли 2010 барои кишти зироати ғалладона 333 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 242,2 ҳазор гектар барои кишти гандум ҷудо гардида, 1 млн. 261,3 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона, аз ҷумла 911 ҳазору 821 тонна ҳосили гандум ба даст оварда шуд. Ҳосилнокии миёна зироати ғалладона дар соли гузашта 22,8 сентнер аз як гектарро ташкил дода буд.

Бо назардошти маълумоти оморӣ, шумори аҳолии Тоҷикистон 7 млн. 616 ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва мутобиқи он, талабот ба орд 1 млн. 43 ҳазор тонна ва гандум 1 млн. 429 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.