Анҷоми тафтишоти ҳодисаи ҳуҷум ба қатораи автомашинаҳо дар Камароб

Date:

Душанбе. 5-уми июл. «Азия-Плюс» — | Корҳои тафтишотӣ аз рӯйи далели ҳамлаи мусаллаҳона ба қатораи автомашинаҳои низомӣ дар дараи Кмароби ноҳияи Рашт, ки моҳи сентябри соли 2010 ба вуқӯъ пайваста буд, анҷом ёфт. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сарёвари Сарпрокурори низомии ҷумҳурӣ оид ба супоришҳои махсус Ҳомидҷон Ибодов хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон шиносоии гумонбаршудагон бо маводи тафтишот идома дорад. «Пас аз шиносии пурраи гумонбаршудагон бо маводи тафтишот, парванда ба Додгоҳи Олӣ ирсол хоҳад шуд», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки 19-уми сентябри соли гузашта дар дараи Камароби ноҳияи Рашт ба қатори автомашинаҳои Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифта, бар асари он 28 нафар афсарону сарбозон ба ҳалокат расида буданд. Ҳукуматдорони Тоҷикистон ин амалро кори дасти гурӯҳи собиқ фармондеҳони Иттиҳоди мухолифини тоҷик Абдулло Раҳимов (Мулло Абдулло) ва Аловуддин Давлатов (Алии Бедакӣ) арзёбӣ карда буданд. Собиқ фармондеҳони зикршуда соли равон бо чанде аз ҳамммаслакони худ зимни амалиёти густардаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кушта шуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...