Корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» дар арафаи анҷомёбист

Душанбе. 5-уми июл. «Азия-Плюс» — | Корҳои сохтмонӣ дар иншооти асосӣ ва ёридиҳандаи нерӯгоҳи обӣ-барқии «Сангтӯда-2» дар арафаи анҷомёбианд.Пудратчии генералии нерӯгоҳ ширкати эронии «Сангоб» мебошад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур хабар доданд, сохтмони сарбанди нерӯгоҳ, ки моҳи ноябри соли гузашта оғоз гардида буд, низ ба итмом расида истодааст. «Айни замон корхои насби таҷҳизоти […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 5-уми июл. «Азия-Плюс» — | Корҳои сохтмонӣ дар иншооти асосӣ ва ёридиҳандаи нерӯгоҳи обӣ-барқии «Сангтӯда-2» дар арафаи анҷомёбианд.Пудратчии генералии нерӯгоҳ ширкати эронии «Сангоб» мебошад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур хабар доданд, сохтмони сарбанди нерӯгоҳ, ки моҳи ноябри соли гузашта оғоз гардида буд, низ ба итмом расида истодааст. «Айни замон корхои насби таҷҳизоти гидромеханикӣ босуръат идома дошта, 80%-и механизм ва таҷҳизоти барои нерӯгоҳ пешбинишуда ба Тоҷикистон оварда шуд ва феълан дар сохтмон ҳеҷ мушкилоте вуҷуд надорад», – гуфтанд дар ширкат.

Дар робита ба масъалаи мӯҳлати ба истифода додани ду агрегати аввали нерӯгоҳ манбаъ гуфт, корҳои тибқи нақша идома дошта, иқтидорҳои аввалини нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» дар мӯҳлати муқарраршуда, яъне моҳи сентябри соли равон мавриди истифода карор хоҳанд гирифт.

Ёдрас мекунем, ки баҳори соли равон ҳукуматдорони Тоҷикистон аз Эрон даъват ба амал оварданд, ки нвабати аввали нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» то моҳи сентябри соли ҷорӣ ба истифода дода шавад. Қаблан мавриди истифода қарор гирифтани марҳилаи аввали нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» моҳи феврали соли 2012 ба нақша гирифта шуда буд.

Мавриди зикр аст, ки сохтмони нерӯгоҳи обӣ-барқии «Сангтӯда-2» ҳанӯз замони шӯравӣ оғоз гардида, минбаъд иҷрои корҳо дар он ба иллати камбуди маблағ ва ҳамчунин оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон боздошта шуда буданд ва сипас соли 2006 бо дастгирии Эрон ба иҷрои корҳои насбу сохтмон дар он идома бахшида шуд.

Тавре пешбинӣ мегардад, иқтидори нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» ба истеҳсоли 1 млрд. кВт/соат нерӯи барқ дар як сол баробар хоҳад буд. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани он дар муддати 12,5 сол он моликияти Эрон хоҳад буд ва сипас пурра ба ихтиёри Тоҷикистон супурда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд