«Афғонистон пешвои муваффақи сиёсӣ надорад»

Душанбе. 5-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ҷаласаи нахусти мизи мудаввар таҳти унвони «Низоъ ва сулҳофарӣ  дар  Афғонистон: вазъ  ва  пешомад» дар Душанбе анҷом ёфт. Дар чорабинии мазкур зиёда аз 70 нафар сиёсатшиносону коршиносон аз Афғонистон, Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Ҳиндустон, Туркия, Ӯзбекистон ва Олмон ширкат доранд. Дар кори мизи мудаввар бародари қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд […]

Аҳмадалӣ Тоҷиддинов

Душанбе. 5-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ҷаласаи нахусти мизи мудаввар таҳти унвони


«Низоъ ва сулҳофарӣ  дар  Афғонистон: вазъ  ва  пешомад» дар Душанбе анҷом ёфт. Дар чорабинии мазкур зиёда аз 70 нафар сиёсатшиносону коршиносон аз Афғонистон, Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Ҳиндустон, Туркия, Ӯзбекистон ва Олмон ширкат доранд.

Дар кори мизи мудаввар бародари қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд – Аҳмад Валӣ Масъуд, ки муассиси Хазинаи қаҳрамон аст, иштирок дорад. Ба гуфтаи Аҳмад Валӣ Масъуд, агар ба мушкилоти Афғонистон аз лиҳози таърихӣ назар андозем, пас дар тӯли таърихи кишвар яке аз мушкилоти асосӣ ҳамеша мухолифати дохилӣ миёни роҳбарони ҳукумат маҳсуб меёфт. «Ба ҷуз мухолифати дохилӣ дар ҳукумат, боз дигар мушкилоте низ мавҷуданд, ки ба мақомоти раҳбарӣ ва наздикони Карзай дахл доранд, – мегӯяд ӯ. – Аз ин рӯ, мутаассифона, имрӯз мо ҳукумате надорем, ки мардум ба он эътимод дошта бошад. Пас чӣ гуна мо метавонем як механизми устуворе бунёд созем, ки сулҳу суботро таъмин намояд? Сулҳе, ки Карзайу наздиконаш ҳис мекунанд, ин сулҳи худи онҳост. Ҳар кадоме аз онҳо ҳадаф ва манфиатҳои хешро пайгирӣ мекунанд».

Муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон ва узви Кумитаи сулҳу ризоияти ҶТ Сайфулло Сафаров бар ин назар аст, ки дар Афғонистон аксари масоили иҷтимоӣ солҳо ҳалношуда боқӣ мемонанд, ки он ба ҷалби аҳолии маҳаллӣ ба гурӯҳҳои гуногуни қочоқбарон ва террористӣ боис мегардад. «Барои ҳалли ин масоил таҳияи нақшаи стратегӣ зарур аст, ки дар баррасии он бояд аҳли ҷомеа ва элитаи Афғонистон иштирок кунад», – изҳор дошт ӯ.

 «Тоҷикистон баҳри ба рушд ноил гардидани ин кишвар як қатор лоиҳаҳо, қабл аз ҳама дар бахши ислоҳоти соҳаи иҷтимоӣ – маориф ва тандурустӣ пешниҳод месозад, – зикр намуд Сафаров. – Барои ин метавон ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб намуд. Сулҳофарӣ – ҷараёни махсус аст. Аз ин рӯ, ин ҷо тарзу усул ва механизами хосса ва ҳатто метавонам илова бикунам, ки таҳияи методикаи махсус зарур аст».

Коршиноси мустақили Русия Виктор Хречко дар робита ба ин масъала чунин ибрози андеша намуд, ки Афғонистон қодир аст, ки мустақилона мушкилоти худро ҳал созад. «Имрӯз Афғонистон натанҳо як пешвои муваффақи сиёсӣ, балки афкори сиёсие низ надорад, ки тавонад мардумро муттаҳид созад», – баён дошт ӯ.

Рӯзҳои чоршанбеву панҷшанбе мизи мудаввар ба кори худ идома медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд