Имзои Созишнома «Дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата» миёни Тоҷикистону Арабистони Саъудӣ

Душанбе.5-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» — | Як ҳайати коршиносони Арабистони Саъудӣ, ки ба Душанбе ташриф меоранд, дар муддати 5 рӯз бо намояндагони мақомоти дахлдори Тоҷикистон лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматӣ «Дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата»-ро омода хоҳанд кард. Тавре аз Департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, чанде қабл як гурӯҳ соҳибкорони Арабистони Саъудӣ дар […]

Аваз Юддошев

Душанбе.5-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» — | Як ҳайати коршиносони Арабистони Саъудӣ, ки ба Душанбе ташриф меоранд, дар муддати 5 рӯз бо намояндагони мақомоти дахлдори Тоҷикистон лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматӣ «Дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата»-ро омода хоҳанд кард.

Тавре аз Департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, чанде қабл як гурӯҳ соҳибкорони Арабистони Саъудӣ дар шаҳри Душанбе қарор доштанд ва ба маблағи умумии 50 млн. доллари ИМА қарордодҳои дуҷониба ба имзо расониданд.

Дар ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Арабистони Саъудӣ ба манфиатдории густариши ҳамкориҳои дуҷониба ишора гардид. Айни замон дар Тоҷикистон се корхонаи муштарак бо сармоягузории Арабистони Саъудӣ амал мекунанд. Тоҷикистон аз соҳибкорони Арабистони Саъудӣ даъват ба амал овард, ки ба лоиҳаҳои афзалиятноку ояндадори ҷумҳурӣ, аз ҷумла энергетика, коммуникатсия, истихроҷи канданиҳои фоиданок, бахши кишоварзӣ ва сайёҳӣ маблағгузорӣ намоянд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст. Ӯ яке аз достонсароёни моҳир дар адабиёти навини тоҷик ба ҳисоб меравад ва дар тарбияти...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.