Боздошти 17 нафар ғоратгарони тоҷикистонӣ дар Маскав

Душанбе. 5-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ҷузъиёти нахустини ҳодисаи ғоратгарӣ бо иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳри Маскав маълум шуд. «Ба гумони даст доштан дар ғоратгарӣ 19 нафар боздошт шуданд, ки 17 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон, як нафар шаҳрванди Озарбойҷон ва як нафар шаҳрванди Русия мебошанд», – хабар дод ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи […]

Александр Калугин

Душанбе. 5-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ҷузъиёти нахустини ҳодисаи ғоратгарӣ бо иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳри Маскав маълум шуд.

«Ба гумони даст доштан дар ғоратгарӣ 19 нафар боздошт шуданд, ки 17 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон, як нафар шаҳрванди Озарбойҷон ва як нафар шаҳрванди Русия мебошанд», – хабар дод ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахти Русия.

«Рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта як гурӯҳи ғоратгарон ба анбори воқеъ дар қисмати ҷанубу шарқии шаҳри Маскав ворид гардида, бо таҳдиди яроқ посбонони анборро мебанданд ва сипас кӯшиш мекунанд, ки маҳсулоти мавҷуда дар анборро ғорат намоянд, вале кормандони пулис ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, онҳоро дастгир мекунанд», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои сарчашма, аз боздоштшудагон норинҷаки худсохт, таппончаи «Оса», се тир ва 1,52 грамм героин мусодира шудааст.

Айни замон аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 162, қ. 4-и Кодекс ҷиноии Русия («Ғоратгарӣ») парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҳадди ниҳоии ҷазо дар ин модда то 15 сол пешбинӣ шудааст.

Ғайр аз ин, мақомоти тафтишот даст доштани ин гурӯҳро дар содир намудани ҷиноёти ба ин монанд таҳқиқ мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст. Ӯ яке аз достонсароёни моҳир дар адабиёти навини тоҷик ба ҳисоб меравад ва дар тарбияти...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.