Дархости навбатии намояндагии ИА бобати фавран озод намудани Усмонов

Душанбе. 6-уми июл. «Азия-Плюс» — | Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон тасмими баёншудаи ҳокимиятдорони тоҷикро оиди инкори иттиҳоми тахминшудаи хабарнигори Би-Би-Си Ӯрунбой Усмонов нисбати узвият дар гурӯҳи «Ҳизб-ут-Таҳрир» мепазирад. Дар изҳороти интишоршудаи намояндагӣ гуфта мешавад, гузашта аз ин, Намояндагии ИА ҳанӯз ҷиҳати айбномаи эътибордошта, ки ҷаноби Усмонов мутаҳҳам шуморида шудааст, изҳори нигаронӣ менамояд, алахусус, дар […]

Asia-Plus

Душанбе. 6-уми июл. «Азия-Плюс» — | Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон тасмими баёншудаи ҳокимиятдорони тоҷикро оиди инкори иттиҳоми тахминшудаи хабарнигори Би-Би-Си Ӯрунбой Усмонов нисбати узвият дар гурӯҳи «Ҳизб-ут-Таҳрир» мепазирад.

Дар изҳороти интишоршудаи намояндагӣ гуфта мешавад, гузашта аз ин, Намояндагии ИА ҳанӯз ҷиҳати айбномаи эътибордошта, ки ҷаноби Усмонов мутаҳҳам шуморида шудааст, изҳори нигаронӣ менамояд, алахусус, дар ҳолате, ки иттиҳом ба фаъолияти касбии хабарнигории қабули омма марбут аст. «Намояндагии ИА даъват ба мақомоти ваколатдори ҳокимиятдорони тоҷик  ҷиҳати тафтиши айнии иттиҳоми боқимонда дорад, ва дархости фавран озод намудани ҷаноби Усмоновро мекунад», – омадааст дар изҳорот. 

Дар изҳорот ҳамчунин зикр мегардад, ки Иттиҳоди Аврупо кӯшишу ҷаҳди Ҳукумати Тоҷикистонро дар таъминоти пойдорӣ ва амнияти кишвар пурра эътироф менамояд, аммо давоман муҳимияти озодии васоити ахбори умум дар Тоҷикистон, ва инчунин риояи меъёрҳои шаффофи байналмилалии ҳуқуқиро таъкид мекунад.

Хотиррасон мекунем. ки хабарнигори хадамоти ӯзбекии радиои Би-Би-Си Урунбой Усмонов рӯзи 13 июн дар шаҳри Хуҷанд дастгир карда шуд. Як рӯз баъд ВКД Тоҷикистон хабари зеринро интишор дод: «Ӯрунбой Усмонов соли 2009 бо ихтиёри худ ба сафҳои «Ҳизб-ут-таҳрир» пайваста, ба воситаи Интернет дар вилоят ба тарғибу ташвиқи ғояҳои ҳизби мазкури экстремистӣ машғул шуда, варақаҳо ва китобҳои хосияти экстремистидошта паҳн карда, сокинони вилоятро ба узви «Ҳизб-ут-таҳрир» шудан даъват менамудааст».

Ҳамчунин қаблан Маркази робита бо ҷомеаи Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ хабар дода буд, ки нисбат ба Усмонов ба гумони ширкат дар ҷамъияти ифротгаро парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. «Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва маълумоти аз шоҳидон дастрасшуда далелҳои боэътимоде ҷамъоварӣ шуданд, ки узвияти ӯро дар созмони фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъшуда тасдиқ месозанд», – гуфта буд сардори Маркази робита бо ҷомеаи КДАМ Нозирҷон Бӯриев.

Ӯ ҳамчунин таъкид сохта буд, ки аллакай муқаррар шудааст, ки Усмонов муддати зиёд бо намояндагони созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир» дар дохил ва хориҷи кишвар робита дошта, дар омодасозӣ ва паҳн кардани маводи чопӣ, ки ғояҳои созмонро бобати ба таври зӯроварӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ ва тағйир додани сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон тарғиб мекардаанд, иштироки фаъолона доштааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд